​Хиёнатро бахшиш нашояд!

Дар ҷомеаи муосир гурўҳи аз инсонҳои бадкешу баднигар, роҳгумзадаву фитнагар ва носолиму пастфитрат ба хотири гумроҳсозии ҷавонон,олудасозии ҷомеа ба разолату ҷаҳолати хеш ҷаҳду талош намуда, барои расиданба ин мақсадҳои нопоки худсупоришҳои хоҷагонашонробечунучаро иҷро менамоянд. Ин қабил афрод ба даст овардани манфиати шахсӣба тамоми кор қодир ҳастанд. Дар ин роҳ натанҳо зануфарзанд, балки ҳатто давлату миллат ва дину мазҳаби худро мефурўшанд. Аз табори чунин хиёнатпешагони мазҳабфурўш аъзо ва пайраву тарғибгари ғояҳои ифротииташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби назҳати ислом Сайидюнуси Истаравшанӣ мебошад. Дар асл Сайидюнуси Истаравшанӣ як мунофиқу риёкор, фитнагару маккор будаба хотири манофеи шахсиву гурўҳии худ Ватану миллату дину мазҳаби хешро фурўхтааст. Вай пайваста дар пойгоҳи иттилооти худ, яъне «Кимёи саодат» ва шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби муғризонаву ҳангомаҷўёнаи зиёдеро интишор медиҳад. Сайидюнуси Истаравшанӣ фарди худбохтаест, ки ба хотири маблағ аввал имону эътиқод баъдан Ватану миллати худро фурўхтааст. Дар ин ки Сайидюнуси Истаравшанӣ мазҳаби худро тағйир дода ба дигар мазҳаб гаравидааст, шакке нест, аммо зоҳиран намехоҳад ин қазияро ошкор кунад. Аз ин аст, ки ўро на бо илму дониш ва фарҳангу озодандешӣ, балки маҳз ба сабабимазҳабфурўшӣ фитнаандозӣ, муздуриюхиёнат ва гузаштаи пур аз ҷинояташдар фазои маҷозиитоҷикзабонон мешиносанд. Ҳамагон медонанд, ки Сайидюнусӣ Истаравшанӣ ки ному насаби аслиаш Бурҳонов Юнус Аббосович аст, имрўзҳо пайвастатавассутимаводи иғвоангезона ба сари мардуми миллати хеш борони тўҳмату бўҳтон мерезад. Албатта амалҳои моҷароҷўёнаи ў наметавонанд андактарин таъсири дар шаклгирии афкори ҷомеаи мо дошта бошанд, вале ин далел боиси нороҳатист , ки ў бо интихоби лақаби «Истаравшанӣ» ба номи як шаҳри бостонии кишварамон иснод биёрад.

Бо мушоҳидаи вокунишҳои ин фарди худбохта метавон ба ин натиҷа расид, ки ў дақиқаняк нафар мутаассибумуздур аст ва бо тамоми ҳвстияш на танҳо душманидавлатидунявӣ, балки душмани аҳли суннат ва ҷамоат низ мебошад. Риёкории ўробубинед,ки дар матолибаш ҳамеша дам аз озодӣ ва ҳифзи низоми демократӣ дар Тоҷикистон мезад.

Сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Абдуҷабборова Р.А.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ