Сулҳ бошад, суруд ҳам мешавад...

Дӯстӣ ва рафоқат меваи шаҳдбор ба бор меорад. Маҳз сулҳу суботи комил ва андешаи солиму солеҳ кафили ҳаёти озодаву пероста ва намунавии мо маҳсуб ёфта, муждарасони башоратҳои пай дар пайи аҳуроист. Оромии ИДМ сарчашмаи тамоми пирӯзиҳост. Муқаддас нигоҳ доштан ва арҷ гузоштан ба анъанаҳои куҳанбунёди мардумӣ ба мисли ҳамоҳангӣ, ҳамдилӣ, ҳамзабонӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ моро ба қуллаҳои мурод, яъне ояндаи гулгулшукуфоии кишварҳо оварда мерасонад.

Мо аминем, мардуми овозадори Тоҷикистон бо ҳамсоякишвари хеш Қирғизистон, ки анъанаҳо ва суннатҳои муштарак насибашон гаштааст, сари андешаи ояндасоз ва ҳадафманд меоянд. Ва дар бартараф кардани андешаҳои мухталифу беасос, ки назди саломатӣ ва сулҳу осоиш қадру қиммате надорад, ҳусни тафоҳум ба амал меоранд ва сари мизи мусолеҳаву ибрози андешаҳои накӯ нишаста, масоили зикргардидаро мусбат арзёбӣ хоҳанд кард. Мо намегузорем, бори дигар бо воқеаҳои мудҳиши солҳои 1991-1997 рӯ ба рӯ гардем, зеро заҳри қотили ҷанги фитнаҷӯиву фитнаомезро чашидаем ва то ба имрӯз ашк аз дидаҳоямон дур нагардидааст; оҳанги ғаразноки аҳреманӣ то ба ҳол дар гӯшҳоямон танинандоз аст...

Шукронаи Меҳани азиз, шукри амну амонӣ ва осмони софу беғубор бояд кард! Муҳимтар аз ҳама дар инкишофу густариши соҳаҳои хоҷагии халқ, ки дар соли равон ҷашнҳои пуршукӯҳи миллат моро интизор аст, шаборӯзӣ меҳнати софдилона ба ҷо орем ва ба муваффақиятҳои назаргиру ояндасоз ноил гардем. Ҷоиз ба қайд аст, ки ҳар ҷое сулҳ аст он ҷо осмони беғубор, ҳар ҷо осмони беғубор аст, он ҷо нон ҳаст, ҳар ҷое нон ҳаст, он ҷо суруд ҳаст...

Вақте суруд ҳаст, табъи болида насиби мост, ҳар ҷо табъи хуш он ҷо зиндагии шоиста ҳукмфармост.

ТОҶИКИСТОН, ба пеш!

Кафедраи адабиёти муосири тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ