Мо тарафдори сулҳем
Мо ҷавонони саодатманди давраи Истиқлолият рӯзҳои охир аз воқеаҳои дар марзи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқӯъ пайваста хеле андӯҳгин буда, доимо тарафдори сулҳу амонӣ ва осоиштагӣ байни ду давлатҳои дӯсту бародар ҳастем ва хоҳони он ҳастем, ки ҷангу низоъ ва бесарусомониҳое, ки дар ҷамоатњои Воруху Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва ҷамоатњои Хистеварзу Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба амал омад, ба охир расида дар фазои сиёсии кишвар сулҳу оромӣ ҳукмфармо мегардад.
Мо ҷавонон ба воқеаҳои дар марзи давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бетараф набуда, доимо дар ҳолати омодагӣ барои ҳифзи марзу буми кишвар ҳастем ва дар паҳлӯи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, барои ба даст овардани сулҳу субот ва ором гардидани минтақаҳои наздисарҳадӣ саъю кӯшиш ба харҷ медиҳем, намегузорем то як нафар барои ба даст овардани як порчаи марзу буми ватани азизамон-Тоҷикистон чашм андохта бошад. Гуфтаҳоямро бо шеъре, ки нисбати ин масъала эҳдо намудам, баён карданиям:
Турки ғазнӣ бо хиёнат тоҷи Сомонат гирифт,
Номи Синоят рабуду ҷумла дармонат гирифт.
То ба имрӯз аз азал шаъну ғурурат ном ёфт,
Ҳар гадое пора-пора як лаби нонат гирифт.
Лек Ворухат ба қирғизҳо намебахшем мо,
Хоки аҷдодӣ ба чингизҳо намебахшем мо.
Як тараф аз даст аз даст Балху ҳам Бухорои ту рафт,
Канданию сарвату ҳар санги хорои ту рафт.
Рағми бераҳмии қисмат ханда бар лаб,шодмон,
Достони дӯстият то Сурайёи ту рафт.
Лек Ворухат ба қирғизҳо намебахшем мо,
Хоки аҷдодӣ ба чингизҳо намебахшем мо.
Хоки поки Ворух аз аҷдоди аҷдоди ман аст,
Талъати шамсаш нишон аз аслу бунёди ман аст.
Рехт баҳраш хуни Темур-ул-маликамро муғул,
Дарду доғи Ворухам ҳам дарду ҳам доғи ман аст.
Як ваҷаб хокат ба қирғизҳо намебахшем мо,
Хоки аҷдодӣ ба чингизҳо намебахшем мо.
Аскар Машарипов