​Даъвои “дӯстон”- и авбоши гуреза!?

Хабари ба ҳабс гирифта шудани муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон М.Одинаев аз ҷониби “дӯстон”-и ватанфурӯшу ватангадояшон дар мамлакати аҷнабӣ, ки бо ивази номҳои Bomdod.com, Ҳаракати сиёсати Тоҷикистони нав ва ғайра фаъолият менаоянд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун амали ғайриқонунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуда истодааст. Ҳол он, ки нафари зикрёфта бо баҳонаи боздошти ғайриқонунӣ ва беасоси писараш аз тарафи кормандони комиссириати ҳарбӣ тартиботи ҷамъиятиро давоми 30-40 дақиқа вайрон кардааст. Ғайр аз он, бо огоҳии намояндагони мақомоти давлатӣ беэътиноӣ зоҳир намуда кирдори ғайриқонунии худро бо таҳдид, зӯроварӣ ва алфози қабеҳ нисбати кормандони давлатӣ худсарона идома додааст. Худи Одинаев М. аз кирдораш, ки баробари ҷиноят аст, фаҳмида аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон шудааст. Агар, ӯ кирдори содиркардааш баробар ба ҷиноят буданашро дарк намекард, ҳеҷ вақт аз ҷойи зисташ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пинҳон намешуд. Нафаре, ки худро “доно” метарошаду кирдори авбошона содир менамояд, инъикоси воқеии мафкураи носолим, тундгаро ва ифротӣ будани ӯст. Чунин тоифаи ҳангомаҷӯй ҳамеша аз баҳонаи ночиз “воҳимаи сатҳи ҷаҳонӣ” месозанд. Чунин амал бошад, аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб ҳамчун оризаҳои бемории шадиди асаб шуморида мешавад ва чунин ашхоси бемор мебояд дар бемористон бистарӣ карда шавад.

Нисбат ба воқеаи рӯйдода мехостам аз роҳбарияти Ҳизби сотсиал- демократии Тоҷикистон пурсон шавам, ки чӣ сиёсати кадрӣ дораду чӣ тавр шахси асабаш носолим дар Раёсати ҳизб соҳиби мақоми баланд шудааст. Инчунин, мебояд қайд кард, ки одатан ҳангоми қабули нафаре ба аъзои ҳизбе ё мансабе ҳатман ӯ баъд аз гузаштани муоинаи тиббӣ маълумотномаи аниқу дақиқ пешниҳод намояд. Эҳтимол меравад, ки дар Ҳизби сотсиал- демократии Тоҷикистон масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо то ба ҷое иштибоҳҳо дорад.

Аз ватангадоёни хиёнатпешаи наҳзатӣ бошад, мехоҳам пурсам, ки агар ба ҷойи М.Одинаев каси дигаре аз шаҳрвандони оддӣ чунин ҷиноят содир мекард, онҳо чӣ вокуниш медоданд. Ҳол он, ки аз як амали авбошона то содир кардани ҷинояти вазнин қадамест кӯтоҳ!!! Агар, наҳзатиёни ватанфурӯш чашми бино медоштанд, ҳеҷ вақт онҳо ба ин воқеа баҳои ҳангоматалаби ноҳақ намедоданд. Худ баҳои муғризонаи наҳзатиён ба амали қонунии мақомоти давлатӣ баҳоест ба тиннати онҳо ва “дӯстон”-и онҳо дар Ҳизби сотсиал- демократии Тоҷикистон мебошад.

Ҷинояткор ҳама давру замон ба ҷинояташ ҷазои сазовор бояд бинад. Новобаста аз он, ки ӯ кисту аъзои кадом ҳизбу ҳаракат аст!!!!!

Собиров М.С. - мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети

геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ