​Изҳорот: Хоини нодон ту ба мақсад намерасӣ

Вақте, ки баромади Муҳиддин Кабирии аблаҳи муттаҳамро гӯш кардам ҳикояе аз “Гулистон”-и Шайх Саъдӣ ба ёдам расид: Фозиле ба яке аз дӯстони содиқаш мактуб менависад. Шахсе, ки дар паҳлӯи вай нишаста буд бо чашму гӯш навиштаи вайро мехонд. Баъд фозил дар мактубаш навишт, ки “эй дӯсти азиз агар шахсе дар паҳлӯи ман наменишасту навиштаи маро намехонд, ҳамаи сирҳоямро ба ту менавиштам”. Он мард гуфт: Ҳой фозил ман мактуби туро нахондаам ва нашунидаам. Фозил гуфт: Эй нодон агар ту мактуби маро намехонди пас ин гапро аз куҷо мегӯи.

Агар Кабирӣ ба эътирозе, ки аз рӯи гуфташ санаи 21 март баргузор мегардад дахолат надошта бошад,пас ин суханҳоро дархориҷа истода аз куҷо мегӯяд. Вай ранги он нодонест, ки дар ҳикоя овардем. Вай бисёр хуб медонад, ки чӣ мешавад ва бо кадом мақсад ин кор мешавад ва ҳатто ташкилкунандаву иғвогар худаш асту худро сафед карда пешаки сафи роҳашро тоза карданист. Аслан гӯям ягон кор ва ягон эътироз намешавад. Ин ҳама дурӯғу бофтаҳои Муҳиддин Кабири аст, ки мехоҳад мардумро ба таҳлука андохта бесарусомониро сар карданист. Ин иғвои навбатии вай аст. Охир бас будагист! Бо кадом мақсад, барои чӣ инқадар туҳмату ғайбатҳои беҷо. Мардум аз ту манфиат надидаанд. Ба ҷуз фишору фиребу найранг. Аз барои чӣ барои кадом корат мардум туро эътироф кунанд. Барои мардум фоида оварда наметавони ақалан халал нарасон.

Имрӯз симои аслии Муҳиддин Кабирӣ ба ҳамагон маълум аст ва ҳама нисбати вай нафрат доранд ва дуои бадаш мекунанд. Вай як нафари хоин ватанфурӯш ва нокасу палид аст. Агар вай қатрае, ҳам одамигарӣ медошт ин амалҳои номатлубашро ба маруми тоҷик раво намедид. Худаш дар хориҷаву неши заҳролудашро ба мо мезанад. Мо ҳаргиз намегузорем, ки ба пои миллати мо касе хоре халад.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем.

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ