​Ҳарзаи навбатии наҳзатиён!

Ҳар фард ҳуқуқи комили изҳори озодонаи андешаи худро дорад, ки онро новобаста аз миллату нажод, мансубияти шаҳрвандӣ ва эътиқодӣ Эъломияи ҳуқуқи башар муқаррар кардаасту танҳо нафари камақли ифротгаро ва бехабар аз арзишҳои инсонӣ ин меъёрҳои инсониро пазируфта наметавонад. Чунин ҳиссиёти тундгаро нишонаи дур будани онҳо аз меъёрҳои демократию тангназарии мафкураи заҳролуд мебошаду мансуби наҳзатиёни хоини ватангадо бо сарвари маккори ландаҳурашон Муҳиддин Кабирӣ маҳсуб мебошад. Назари хашмонаи Сулаймони Орзу (блогери виҷдонфурӯхтаи наҳзатӣ) нисбати пахши таасуроти Музаффар ном ҳамватан ба Ватани маҳбубаш дар шабакаи Ютуб гувоҳӣ медиҳад, ки онон ориентир гум кардаанд. На ҳуқуқи манъи ифшои андешаи шаҳрванди комилҳуқуқро доранду ҳатто садди сафари касеву тарғиби нигоҳи воқеибинонаи ӯ бошанд. То ба дараҷае наҳзатиён ақл гум кардаанд, ки гумон доранд ба ивази виҷдону Ватан ҳукмрони олам шуданд, ки исботи аниқи иблисгаро будани онҳо мебошад. Вагарна, нафари соҳибақл ба каси дигар аз амалу рафтораш эродгирӣ мекунад? Охир наҳзатиён ба Музаффар на волидайну на устод ва ҳатто дӯст намешаванд, ки ба ӯ ақлу тамиз омӯзонанду ӯро аз ҳуқуқҳои инсонӣ маҳрум сохтанӣ шаванд. Ба онони муллонамо бо сӯистифода аз вазъи номусоидӣ коштани тухми низоъ байни мардум рисолати бузурге аз хоҷагони маблағгузори аҷнабиашон шудааст, ки бешарафон иҷро менамояд.

Кадом мусалмони комилу мӯъмин, ки дасту бозуи тавоно дорад, мӯҳтоҷи маблағи хазинаи хайриявии насрониҳо мешавад? Ҳаргиз, зеро мусалмони комил ин корро ба худ нанг мешумораду беҳтараш мардикорӣ мекунад, лоақал садақа мепурсад?! Вале, барои наҳзатиёни ифротӣ, ки нангу номус кайҳо боз гум кардаанд фарқе нест, ки маблағ аз куҷост, фақат бошаду бас?! Охир, ин нафарони шайтонгаро фақат ҳирси пулу мол, яъне нафси бад доранд. Ба онҳо агар маблағи муайян пешниҳод кунанд омодаанд наздикони худ фурӯшанд, чӣ тавре Ватану виҷдон фурӯхтаанд!

Баъзан, ҳайрон мешавам, ки наход наҳзатиён одамӣ бошанду сабаби палидию дасисабозиашон дар чист? Таҳлили амалҳояшон тӯли солҳои зиёд собит месозад, ки онон виҷдону ақлу ҳуш ба иблис таслим кардаанду ҳеҷ гоҳ насазад онҳоро дигаргун шаванд.

Бинобар ин, танҳо изҳор мекунам, ки тухми разилони наҳзатӣ, ки аз Тоҷикистон барканда шудааст, аз олам низ нобуд шавад, ки мардум оромона ба бунёдкорӣ машғули меҳнати ҳамарӯза бошанд. Барои истодагарӣ ба ҳарзаҳои наҳзатиён вақти муайян харҷ накунанд. Зеро, онон садқаи ин хел вақтҳо шаванд!!!!!!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ