Филми ҳуҷҷати "Бешарафӣ"- ифшогари шахсияти Муҳаммадиқболи Садриддин
Тайи солҳои охир ҷомеаи ҷаҳониро хатари сар задани амалҳои террористӣ ва тундгароӣ ба ташвиш овардааст. Ин аст, ки мутаассифона Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин хатари номатлуб орӣ намонд, баъзан афроде, ки на дониши комили динӣ доранду на дониши хуби дунё бо донистан ва кур-кур аз худкардани чанде илми динӣ худро зоҳид, ва ё тақводор ва ҳам ҳомии дин ҳисобида бо амалҳои пасипардагӣ ҷавононро ба гумроҳӣ мекашанд. Дар самт бояд ҷавонони имрӯзаи мо зиракӣ ва ҳушёриро аз даст надода бояд бо донишу илмҳои замонавӣ хуб мусаллаҳ шавад ва аз ин падидаҳои номатлуб эмин монда худ ва дигарон ҳимоя кунанд.
Бар мегардем, бар сари масъала, чуноне, ки ҳар яки мо медонем ва хуб огаҳӣ дорем, чанде пеш филми ҳуҷҷатии хиёнат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионҳои давлатӣ намоиш дода шуд. Ин филме, ки таҳия гардидааст, дар шахсияти яке аз хонони имрӯзаи давлату миллати тоҷик Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки ки ва чи буданашро ба таври комил шарҳу тавзеҳ дода шудааст. Нигаред, ки ин номуҳтарам имрӯз паси экранҳои худ аз хориҷӣ кишвар истода ба халқу миллати худ санги маломат зада нисбат Ватани азиз чӣ бадгуиҳое, намекунад. Мавсуф худро як шахси зоҳиду тақводор ва ҳомии дини мубини Ислом карда манфиатҳои шахсии худро аз манфиати давлату миллат боло дониста ба бисёр амалҳои номатлуб даст задааст. Аламовараш он аст, ки доим аз дин, аз ҳадис аз Қуръон сухан мекунад аммо ба таърихи худи ӯ назар кунем, ҳатто ӯро инсон шумурдан номумкин аст. Далели ин гуфтаҳо, зисту зиндагонии ӯ дар Ҷумҳурии Афғонистон ҳангоми таълимгириаш...
Амалҳои онро ҳатто барӯи қоғаз овардану ба қалам додан инсон нафрат мекунад. Чун дар наворе, мушоҳида кардам, Муҳаммадиқболи Садриддин мегӯяд, Пешвои мо - устод Муҳиддин Кабирист. Аз як ҷиҳат гапаш дуруст зеро худи Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамақида ва ҳаммаслаки Муҳиддин Кабирӣ мебошад. Бо ибораи дигар ва ё бо истифода аз мақоли халқӣ гуем ҳам возеҳ архива мешавад, "Лубиёву каду лаънат ба ҳарду".
Ҳамин тавр, мо ҷавонони содиқи Ватани биҳиштосо - Тоҷикистони соҳибистиқлол амалҳои пасипардагӣ ва зери ниқоби дину миллат шахсоне, ки сухан мегӯянд, маҳкум менамоем. Бигзор ҳар фарде бар Ватани худ хиёнат кунад, дар назди қонун ҷавоб гӯяд.
Абдулло Ёқубзода - устоди донишгоҳ