​ТИ: семинар оид ба нозукиҳои чорабиниҳои онлайнӣ

Бо ташаббуси кафедраи барномарезии факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар мавзӯи "Аз таҷрибаи ташкили онлайн - чорабиниҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ" семинар доир гардид. Ин иқдом дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба роҳ монда шуд.

Нуруллоев Хушбахт, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи барномарезӣ ҳадаф аз ташкили семинари мазкурро дар такмили маҳорати устодон ва баланд бардоштани саводи техникии онҳо унвон намуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар семинар устодони факултетҳои донишгоҳ ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ иштирок намуданд. Иштирокчиён дар доираи семинар аз таҷрибаи ташкили онлайн - чорабиниҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ огоҳ гардиданд.

Ҳамзамон, перомуни мавзӯи марвиди матраҳ миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ