Ҳама дар назди қонун бояд ҷавоб дод.
Даҳаи охири поёни қарни бистум дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон рӯйдоди бузурге иттифоқ афтод, ки барои дар харитаи ҷаҳон ҳамчун кишвари мустақил ва соҳибихтиёр ворид шудани мо асос гузошт. Мурур ба рӯйдодҳои нахустин солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳикоят аз он мекунад, ки барҳак барои кишвари мо истиқлолият ба осонӣ ба даст наомад, зеро аз аввали рӯзҳои расидан ба ин марҳилаи муҳими сиёсӣ душманони милллати мо мардумро ба майдонҳо кашида, кӯшишҳои аз миён бардоштани ин давлати тозаистиқлол ва эҷоди хатару таҳдидҳо ба ҳасти миллати тоҷик аз худ ба зуҳур расониданд. Дар натиҷа, аҳолии кишвар ба сангарҳо ҷудо шуда, ҷангӣ хунини шаҳрвандӣ оғоз гардид. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда дар он рӯзҳои вазнинтарини давлатдори халки тоҷик талош ва пайкорҳои ватандӯстонаи худоро исбот карда барои давлати худ роҳбари ватандӯст ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониро интихоб кара, давоми панҷ сол самараи матлаб ва саодатбор барои халқи кишвар доданд. Воқеан сулҳи деринтизор ба хонадони тоҷикон фаро расида, тамоми мардуми дарбадар ва гуреза ба ватан баргардонида шуданд, ки ҳама талошҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар мебошад.
Аммо дар ҷомеаи имруза рафтору амалҳои баъзе аз шаҳрвандони тоҷикро дида дар ҳайрат мемонам, ки ин қадар ҳам разилу, сахтдил, вайронкор шудаанд. Яке аз чунин шахсиятхо муовини раисиҲСДТ Маҳмурод Одинаев мебошад. Тавре Прокуратураи генералии Тоҷикистонхабармедиҳад, рӯзи шанбе, 5 октябри соли 2020 доири авбошонааш ба ҳабс гирифта шуд. Магар ин амал барои намояндаи як ҳизби сиёсӣ ҷоиз аст, ки худ барандаиидеологияӣ бесуботи кишварро дар назди ҷомеа ваъда медиҳанду,лек худ вайронкунандаи қонунҳои амалкунандаи давлату, ҷамъият мебошанд. Ҳамчунин қайд гардидааст, ки Маҳмурод Одинаев санаи 29 октябри соли 2020 соати 16:30 дақиқа дар якҷоягӣ бо собиқ ҳамсараш шаҳрванд Ризоева Меҳринигор Умаровна ва писараш ОдинаевҲабибулло Маҳмуродович ба комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир гардида, бобаҳонаи он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ва беасос писари ӯ Одинаев Ҳоҷиакбар Маҳмуродовичро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ба огоҳ намудани намояндагони ҳокимияти давлатӣ эътино накарда ин кирдорҳои ғайриқонунии худро худсарона идома дода, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст. Магар ин рафтор ба амали Маҳмурод Одинаев зебанда аст, ки худ дар вазифаи муовини раисиҲСДТ кору фаъолият дораду худ зидди қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати кишвар рафтор дорад. Бинобар ин, аз рӯи маводҳои ҷамъовардашуда аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбати Одинаев М. Ш. 20.11.2020 бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои «б» ва «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон авбошӣ, аз ҷониби гуруҳи шахсон ё гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, бонишондодани муқобилият ба намояндаи ҳокимият ё дигар шахсе, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба ӯҳдадорад пешбини гардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Имруз бояд ҳама дар назди қонун ва давлат ҷавоб дод.
Мутаффакири бузурги Юунони қадим Арастучунин баён кардааст:
Дар давлате, ки ҳама ғуломи қонун ҳастанд баъд давлат пеш меравад.
Аз гуфтори баёншуда чунин эъзоҳ оварда мешавад, ки мо бояд тамоми қишри ҷомеаро дар якҷоягӣ тасвир намоем,зеро амали гардидани қонун дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ин боиси пеш рафтани давлат ва бехатари ҷомеа сабаб мегардад. Ман фикр мекунам нисбати Маҳмурод Одинаев барои вайрон кардан ва зери танқид қарор додани намояндагони ҳокимияти давлати бояд дар назди давлат ва қонун ҷавоб диҳад. Мақсад аз таъин намудани ҷазо нисбати шахси ҷинояткор аз ҷониби Суд ин ислоҳ кардани шахси ҷиноятсодиркардамебошад.
Дунё Азизи