​Бешарафӣ - кирдори бадтарини инсон аст

Аз соли 1992 то ин ҷониб садҳо ҷавонони аз тоифаҳои бешарафу. бенангу беномуси миллат, ки ному насаби онҳо дар расонахои хабарӣ ва намоишномаӣ “Хиёнат” бо суратҳояшон дарҷ гардиданд, аз он шаҳодат медиҳад, ки афсус, ки чунин нохалафон, пастфитратҳо ва душманони дохилии Ватанамон вомехӯранд. Онҳо бо чунин кирдорҳои ғайриинсонӣ яъне куштори бераҳмонаи шахсони барӯманди миллат даст зада ба халқу миллат иснод оварданд. Ин амали ваҳшиёнаи онҳо, яъне хиёнат ба ватан, хиёнат ба миллат, хиёнат ба падар модар нобахшиданист. Бинобар ин аз шаҳрвандони кишвари азизамон хоҳиш карда мешавад, ки аз тамошои филми “Хиёнат” барои худ як мактаби навро бунёд намоянд ҷавононро дар руҳияи худшиносию, худогоҳии миллӣ тарбия намуда, барои ояндаи миллат бетараф набошанд.

Таҳиягарони филми “Хиёнат” қаҳрамонони муборизаи иттилоотианду амалҳояшон баҳри бедору ҳушёр сохтани мардум, хусусан ҷавонони кишвар равона гардидааст. Қисми 7-и филми “Хиёнат” пардаи наве аз ҳаромигариҳои ҳаромзодагон бардоштаасту симои воқеии Муҳаммадиқболи Садриддин – мубаллиғи ҳангомаҳои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломро инъикос кардааст. Агарчӣ, оммаи васеи мардум аз қаллобиҳои М.Садриддин ҷиҳати бо роҳи фиреб аз шиносони худ гирифтани маблағҳои калон аз маълумотҳои Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳӣ ёфта бошанд ҳам аз ноҷавонмардиҳояш тариқи тамошои филми зикрёфта хабардор гаштанд.

Дар филми «Хиёнат қисми 7» ҷиноятҳои нави хоинон ошкор шуд. Дар баробари ватанфурӯшӣ ин хоинон намуди нави тиҷорат-танфурӯширо низ аз худ кардаанд ва дар ин самт таҷрибаи бой низ доранд. Бо шунидани ин кирдорҳои ғайриинсонаи ҳамҷинсгароёнаи Муҳаммадиқболи Садриддин кинаву нафрати шахс нисбати ин ваҳшӣ боз ҳам дучанд мегардад. Ин нафар бо доштани чунин гузаштаи «рангин» бо қумондонҳои афғон ва ҳамҷинсгароияш боз даъвои мусалмониву имондорӣ мекунад. Дар ҳақиқат ин шахс ба ягон арзиш эҳтиром надорад. Бо ин ҳол ӯ худро насиҳаткунандаву даъваткунанда меҳисобад, ки шармандагии бениҳоят бузург аст. Наход ӯ фикр кунад, ки миллати куҳанбунёду суннатии тоҷик ба ин ҳамҷинсгаро ва қаллоб бовар мекунанд? Дигар тоҷикон ҳушёру зираканд. Ва ин гуна масхарабозоне мисли Муҳаммадиқболи Садриддин ин миллатро дигар фиреб дода наметавонанд.

Дар ҳақиқат имруз миллати тоҷик бояд рузҳои сахтарине, ки аз сар гузаронидааст ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳем кард. Имруз мо бояд исбот карда диҳем, ки барои ба ин дараҷа омадан бо заҳмату, машақат ва ҷонфидоиҳову, қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллатии тоҷик буд, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон оқибатҳои хунрези ҷанги шаҳрвандӣ пешгири карда шуда, ин натиҷа бо бастани сулҳ дар кишвар анҷом ёфт. Бинобар ин якпорчагӣ ва муҳофизати давлати азизамон қарзи шаҳрвандии мост.

Имрўзҳо ҷавонони саодатманди Чумҳурии Тоҷикистон бо такя ба дастгирии давлату ҳукумат ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифротгароёнаи хоинони миллат дода нашуда, баҳри ободониву созандагӣ дар кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош намудан лозим аст. Зеро, Тоҷикистони азизамонро ҳеҷгох ва хеҷ кас аз он ҷумла ба монанди чунин гурўҳои ифротӣ, ободу осуда ва пешрафти онро таъмин намекунанд. Ин аҷнабипарастону хоҷапарастону ватанфурӯшон танҳо максадҳои шахсӣ ва манфиатҳои хоҷагонашонро пеша доранд.

Устодони факултети математика

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ