ТЭТ ҲНИ сарчашмаи терроризм ва экстремизм
Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот ихтилофотузиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Бояд тазаккур дод, ки замни шинохти фаъолияти ҲНИ ба ҳайси пуштибон ва сарараст эътироф шудани баъзе аз кишварҳову ташкилотҳо ба назар мерасад. Таҳлили фаъолияти ҲНИ исбот намудааст, ки он босозмону ташкилотҳои террористию экстремистӣ дар иртибот буда, бо роҳҳои пардапўшона ва ҳатто кушоду равшан онҳоро тарафдорӣ менамоянд.
Гурўҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба наќшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ба монанди собиќ роҳбари ҲНИ ки натиљаи он дар давлатҳои љанг рафтаистодаи Сурияи Араб Ироќ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд ҳалок шудаанд. Дар шароити хуби имрўзаи рўзафзун фазои сиёсии љаҳон ва тағйиру таҳаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ёфтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ љиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Хушбахтона имрўз дар байни сокинони кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки танҳо давлати дунявию демократӣ метавонад муносибатҳои диниро ба танзим даровардароҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад
Вазъияти ногувори амният дар љахон фаъолиятҳои гурўҳи ифротгароию террористӣ такозо менамояд ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори кишвари азизамон саҳми худро гузорем.
Дар Тоҷикистон бехтарин ва мусолиматомезгарин модели муносибати дину давлат дар асоси принсипи дунявият интихоб гардид. Сарконуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиходияҳои динӣ» заминаи ҳуқуқии онро таъмин кардаанд. Ҳоло он, ки дар кишвари мо тибки Конститутсия ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо аст, на дин аз давлат. Чудоии ташкилотхои динӣ аз хокимияти давлатӣ моҳиятихукукӣ-сиёсӣ дорад, на мафкуравию ҷахонбинӣ ва, он пеш аз хама, ба маънии ҷилавгирӣ аз корбурди кудрату хокимияти давлатӣ ба максад ва манфиати пайравони як дине ё як мазхабе аст.
Муҳимтарин дастоварде, ки дар соҳаи муносибат ба дин ва дар ин замина назари нав ба таҳқиқу инкишофи илмҳои диншиносию исломшиносӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ба даст омад, ҳамин буд, ки мо тавонистем буҳрони маънавиеро, ки дар шакли бархӯрди ҷаҳонбинии дунявию динӣ зоҳир мегардид, бартараф намудем. Маҳз ҷудоии дин аз сиёсат имкон дод, ки дин ҳамчун як падидаи фарҳангӣ аз нав нафаси тоза кашад ва дар қонеъ сохтани талаботи эътиқодӣ ва тарбияи ахлоқии шаҳрвандон саҳм гирад. Ҳамчун падидаи фарҳангӣ шинохтани дин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», дар баромаду паёмҳо ва ба хусус, суханрониҳои Пешвои миллат доир ба асосгузори мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам Нӯъмон ибни Собит ҳаматарафа инъикос ёфтаанд.
Барно Умарова