​Консерти ҳисоботӣ дар факултети санъат

Дар толори факултети санъат консерти синфии сармуаллими кафедраи мусиқии суннатии тоҷик Сатторов Абдураҳмон бо ҷалби донишҷўёни курсҳои якум ва дуюми ихтисоси сурудхонӣ (халқӣ) баргузор гардид. Дар барномаи консерти ҳисоботии синфӣ аз репертуари устодҶўрабек Набиев суруду оҳангҳо бо як маҳорати баланд садо доданд.

Маврид ба зикр аст, ки иқдоми мазкур ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон шудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 80-солагии Ҳунарманди халқии Ҷумхурии Тоҷикистон профессор Ҷўрабек Набиев ба роҳ монда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ