Мо барои ҳифзи Ватани худ бетараф нестем!
Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ҳодисаҳои охир, ки дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон рух дод гирифта шуд. Ҷоизи зикр аст, ки ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон борҳо мулоқоту музокирот намуда, дар рафти гуфтушунидҳо масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар қаламрави сарҳадии ҳарду ҷумҳурӣ баррасӣ гардидааст.
1 майи соли равон бошад дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ташкил ва зимни баррасии вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳарду ҷониб аз ҳодисаҳои ахир изҳори таассуф намуда, ба мувофиқа расиданд, ки фавран ба баргардонидани техникаи низомӣ ба макони ҷойгиршавии доимии онҳо шурӯъ мекунанд. Ин аллакай гувоҳи он аст, ки вазъи мӯътадил ва ҳаллӣ худро меёбад.
Вобаста ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон байни масъулин мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифтааст. Таърихи қадимаи халқҳои бародар водор месозад, ки тарафайн омодагии худро дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди тарафайн баҳри ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷудаи марзӣ чораҷӯи намоянд.
Қобили зикр аст, ки Ворух ва Чоркуҳ таърихи куҳан дошта, мардуми ин сарзамин ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ доранд. Давоми чанд соли охир дар рӯзи аввал буд шудани нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар ин замина аз сокинон даъват ба амал оварда мешавад, ки фарзандони худро боз ҳам дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намуда, оинҳои неки ҳамсоядориро бо мардуми кишвари ҳамсоя ҳамеша риоя намоянд. Яъне мардуми наздимарзӣ аз худ сабру таҳаммул ва хирадмандӣ нишон дода, ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд. Боварӣ дорем, ки Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи баҳси сарҳадро дар фазои якдигарфаҳмӣ ва бо роҳи музокирот ҳаллу фасл хоҳанд кард.
Зикр кардан ба маврид аст, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо мардум иброз дошт, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди корӣ ташкил гардида, бартарафсозии оқибатҳои муноқишаҳои марзӣ идома дорад. Манзили истиқоматии сокиноне, ки бар асари муноқишаҳо хароб шудааст, пурра барқарор гардида, хонаҳои нафароне, ки аз даргириҳо осеб дидааст, дар фурсатҳои кутоҳтарин ба таъмир фаро гирифта мешавад. Ҳамзамон аз тарафи давлат ба оилаҳои зарардида, захмиён ва қурбоншудагон кӯмакҳои моливу пулӣ дастрас мегардад. Дар охири мулоқот Саймумин Ятимов ба оилаҳои қурбоншудагони даргириҳо изҳори ҳамдардӣ баён намуд.
Муаллими кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа - Аҳрорӣ Бузургмеҳр