Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки довталабон барои идомаи таҳсилот пешниҳод менамоянд!

Ҳуҷҷатҳое, ки довталабон барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комиссияи қабули Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" пешниҳод менамоянд:

-ариза ба номи ректор;

-ҳуҷҷат дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ- асл (маълумотнома дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул карда намешавад).

-маълумотномаи тиббӣ (шакли № 038)

-6 адад сурат (андозаи 3х4 см);

-шиноснома;

-билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;

-ҳангоми будани собиқаи корӣ нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.

Қабули ҳуҷҷатҳо ба идомаи таҳсилот аз 1-уми июл то 20-уми августи соли равон сурат мегирад.

Суроғаи комиссияи қабул: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Гагарин 147 (назди беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд).

Телефон барои тамос:

+992 (83422) 4-31-20;

+992 91-700-40-00

+992 92-644-31-60

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ