Мо марди асилем зи кас бим надорем!
Бояд қайд кард, ки имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти сиёсӣ худ чӣ дар дохил ва чӣ дар арсаи байналхалқӣ ноил гардидааст мақом ва нақши худро дошта. Ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона худро муаррифӣ намуда, пайваста кӯшиш менамояд, ки мардумонаш осудаҳолона бо меҳнати ҳалоли худ зиндагии хешро пеш баранд. Дар ин ҷода Ҳуқумати кишвар пайваста кушиш менамояд муносибаи худро бо кишварҳои дуру наздик боз ҳам мустаҳкам намояд, то ки имруз дар як раванди пур аз талошу пурталотум, авҷ гирифтани хавфу хатарҳои басо зарарноки ҷомеа аз қабили терроризим ва экстремизим вусъат ёфтани яке аз бемориҳои ҷиддитарин, киимрӯз тамоми дунёро вируси Covid 19 фаро гирифтааст моро водор месазад халқи ҷаҳонро, ки даст ба дасти якдигар диҳему аз болои он мубориа бурда бошем.
Дар ин ҷода талошҳои пайвастае, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҷомеаи ҷаҳони ҳаст мувофиқи мақсад буда Пешвои милат пайваста кушиш менамояд ҳарчи бештар нигоҳи ҷомеаи ҷаҳони ба кишвари азизамон Тоҷикистон нигаронида шуда муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ҳарчи бештару бештарба роҳ монд шаванд.
Дар замони имруза инкишофи муносибатҳои ҷаҳонишавӣ тамоми миллату давлатҳои ҷаҳонро водор месозад, ки бо дар назардошти эҳтиром ба арзишҳои миллӣ якҷоя рушду такомул ёбанд. Зеро ягон давлат дар танҳогӣ рушду нумўъ карда наметавонад дар танҳоӣ аз ҳалли проблемаҳои минтақаву ҷаҳони низ нахоҳад баромад дар ҳамин замина муносибатҳои дустона ягона омили асоси ҳалли тамоми масъалаҳо хохад шуд. Бояд гуфт, ки имрўзҳо аз ҳама арзишмандтарин неъмат барои халқу миллату, давлатҳо сулҳу амният маҳсуб мегардад. Дар маконе, ки сулҳу оромӣ ва якдигарфаҳмӣ ҳукмрон аст, он ҷо тараққиёту пешрафти низ ба назар мерасад.
Ҳатто қайд кардан ба маврид аст, ки мутасифона баъзе амалҳои номатлубе, ки аз тарафи шахсиятҳои бадхоҳони давлат мешавад боиси ноороми кишварҳо мегардад. Масъалан имрузҳо кишварҳое ҳастанд, ки аз зулму шиканҷаҳои ин шахсиятҳои нохалаф ба чи дараҷа омада расидааст. Масъалан давлатҳои Сурия, Ироқ, Яман ва ҳамчунин кишвари ҳамсоя Афғонистон таъи 40-сол мешавад, ки ноороми ҳукумрон асту шаҳрвандонаш дар азоб. Ин воқеаҳо бояд барои ҳар як халқу миллатҳо бояд дарси ибрат бошад. Аз таърих ба мо маълум аст, ки амалҳои ношоистаро ниёгони мо маҳкум мекарданд. Онҳо ба дузду одамкуш назари нек надоштанд ва ба чунин шахсон бо нафрат назар мекарданд.
Бояд гуфт, ки чанд вақт мешавад, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаҳову нофаҳмиҳо сар мезананд. Ин нофаҳмию ноороми ҷомеа охир то ҷое расидааст, ки имруз Қирғизистон даъвои заминҳои Ворухи-ро менамоянд. Лекин як чизи асосиро ҳеҷ гоҳ фаромуш набояд кард, ки миллати тоҷиқ дар ягон лаҳза бе асос ба сари милати дигар ханҷар набардоштааст ва имруз намегузорад, ки бегонагон ба хонаи ӯ бо чашми баъд нигоҳ кардаву, талаби моликияти онро намоянд. Бинобар ин ҳар яки мо ба ин масъалаҳо бояд бо ҷиҳати хубиаш кор карда онро бо роҳи сулҳ ҳал бояд намоем. Зеро ин сарзамини Офтобрӯяи Исфараи куҳан ва макони зебоманзарӣ Ворух аз аввал дар ҳудуди Тоҷикистон буд, ҳаст ва хоҳад монд. Бинобар ин аз ҳар як шаҳрванддони бо ору номуси ҷумҳурии дусту бародари Қирғиз хоҳиш карда мешавад, ки ба ин амалҳои носолим даст назананд ва талаби сарҳади Ворухро нанамоянд зеро “Косаи бишкаста”-ро пайваст кардан мушкил аст. Тайъи даврони Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари ҳамсоя Ҷумҳурии Қирғизистон дар тамоми ҷодаҳои сиёсати хориҷи ҳамқадами якдигар аст бояд ба қадри ин тинҷию осудагӣ бирасем чуноне, ки дар ҳар баромади худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан қайд менамоянд, ки бояд дар ҷомеа ҳисси якдилгарфаҳмӣ, меҳанпарастӣ, ватандўстиву, хештаншиносӣ бояд ҳувайдо бошад, шукронаи сарсабзии кишвар кунем, шукронаи миллати куҳани тоҷик намойем. Бинобар ин бояд мову Шумо даст ба дасти ҳамдигар дода халқи азизи Тоҷикиисон барои муҳофизату нигоҳдори мулки худ Ворухро намоемва намегузорем нафароне ба сулҳу суботикишвар таҳдид намоянд.
Ҷӯраев Манучеҳр –
устоди кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ