​Пурсиши сотисологӣ миёни олимони ҷавон

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров миёни олимони ҷавони донишгоҳ пурсиши сотсиологӣ гузаронида шуд. Ин иқдом дар асоси дастур ва супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи лоиҳаи фармоишӣ дар мавзӯи “Ҳолат ва сатҳи ифротгароии динӣ дар байни ҷавонони Ҷуҳуриии Тоҷикистон” роҳандозӣ гардид.

Дар доираи ин ташаббус аз донишҷӯён оид ба сабабҳо ва роҳҳои пешгирӣ аз ифротишавии ҷавонон пурсида шуда, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҳадаф аз гузаронидани чунин пурсишро масъулин дар муайян намудани омилҳои ифротишавии ҷавонон ва ба ин васила пешгирӣ аз ҷалби онҳо ба созмонҳои террористиву экстремистӣ унвон намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ