​Нишасти матбуотӣ: дар ДДХ давоми панҷсолаи оянда ҳимояи 61 рисолаи докторӣ ва 307 рисолаи номзадӣ ба нақша гирифта шудааст

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати вусъат додани сафи устодони соҳибунвон «Барномаи дурнамои тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ барои солҳои 2021-2025» таҳия ва тасдиқ кардааст, ки мувофиқи он давоми панҷ соли оянда ҳимояи 61 рисолаи докторӣ ва 307 рисолаи номзадӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин нукта имрӯз зимни нишасти хабарӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода зикр гардид.

Ректори донишгоҳ ба рӯзноманигорон оид ба иқтидори илмии донишгоҳ маълумот дода, аз дастовардҳои устодони донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ таъкид намуд.

Хабар дода шуд, ки дар донишгоҳ давоми давраи ҳисоботӣ 30 нафар устодони донишгоҳ рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намуданд.
Феълан шумораи умумии омӯзгорони штатии донишгоҳ 872 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора беш аз 53%-ро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар донишгоҳ 6 Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият менамояд, ки ҷиҳати пешбурди фаъолияти илмии устодони донишгоҳ саҳми муассир мегузорад.

Ректори донишгоҳ аз як қатор ибтикороти самарабахши раёсати донишгоҳ хотиррасон гардид, ки ҳадаф аз он дастгирии устодон дар самти тақвияти корҳои илмӣ унвон мешавад.

Аз ҷумла, бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ маблағи қадршиносии омӯзгорон, ки рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро ба дифоъ мерасонанд, аз оғози соли 2021 барои дифои рисолаҳои номзадӣ 3 ҳазор сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар карда шудааст, ки мақсад аз он ҳавасмандкунии устодони донишгоҳ маҳсуб меёбад.

Ректори донишгоҳ пас аз посух ба беш аз 20 суоли хабарнигорон изҳори умед ва бовар намуд, ки робитаи наҷиби аҳли қалам бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров минбаъд низ идома ёфта, самараи нек ба бор хоҳад овард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ