​Барномаҳои телевизионии донишгоҳ 9 ададро ташкил медиҳад

Шумораи барномаҳои иттилоотӣ ва таҳлилии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки тариқи мавҷи шабакаҳои телевизионии вилоят пахш мешаванд, 9 ададро ташкил медиҳад. Дар ин бора ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.

Мавсуф таъкид намуд, ки барномаҳои телевизионии донишгоҳ дар теле-радиостудияи “Фурӯғ” таҳия ва омода гардида, дар доираи он масъалаҳои муҳими марбут ба ҳаёти донишгоҳ ва ҷомеа мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Гуфта шуд, ки барномаҳои “Пайки маърифат”, "Амният ва ҷомеа", “Ифтихор”, “Чароғи маърифат”, “Дурнамо” ва амсоли инҳо аз зумраи барномаҳои сирф муаллифии донишгоҳ ҳастанд, ки ҷиҳати пур намудани фазои иттилоотӣ омода ва пахш мешаванд.

Ҳамзамон, ректори донишгоҳ аз тасмими дигари раёсати донишгоҳ оид ба таҳияи барномаи “Чеҳраҳои мондагор”, ки аз рӯйи асари Пешвои миллат бардошта хоҳад шуд, иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки иқдоми мазкур ҷиҳати баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷомеа саҳми муассир хоҳад гузошт.

Хабар дода шуд, ки ташкили боз чор барномаи дигар, ки дар формати ток-шоу сабт хоҳанд гардид, дар ояндаи наздик амалӣ хоҳанд шуд.

Ректори донишгоҳ бо таъкид ба аҳамияти таъмини амнияти иттилоотӣ ва пур намудани фазои садову симо бо барномаҳои ҷолибу диданӣ перомуни ибтикороти раёсати донишгоҳ дар ин самт маълумот дод.

Зикр гардид, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади фаро гирифтани холигиҳои фазои иттилоотӣ як қатор тадбирҳои судманд ба роҳ мемонад, ки таҳия ва пахши барномаҳои телевизионӣ аз зумраи онҳост.

Хотиррасон менамоем, ки нишасти матбуотии донишгоҳ имрӯз, санаи 16 июл доир гардида, дар он беш аз 20 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоят ва ҷумҳурӣ ширкат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ