​Конференсияи илмӣ дар кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

Дар кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ конференсияи илмӣ-анъанавии устодон ва олимони ҷавон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «20-солагии рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ», 110-солагии қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бар пояи баланди илмӣ гузаронида шуд.

Ба кори конференсия роҳбари бахш дотсент Абдунаим Бердишукуров ифтитоҳ бахшида, маърӯзаи аввалинро таҳти унвони «Ифротгароии динӣ таҳдид ба манфиатҳои миллӣ» муаррифӣ намуд. Дар доираи маърӯза зикр гардид, ки дар шароити пурташаннуҷи ҷаҳонишавӣ ва ташаккули равандҳои сиёсӣ таъмини амнияти миллӣ, дарёфти роҳу воситаҳои самараноки ҳимояи манфиатҳои давлатӣ масъалаи муҳим ва афзалиятнок маҳсуб меёбад.

Сипас, сармуаллима Мавзуна Ӯлмасова дар мавзуи «Аҳамияти омўзиши низоъшиносӣ ҳамчун илми мустақил» маърӯза намуд. Дар он зикр карда шуд, ки бо баробари тағйирёбии фазои сиёсӣ, сар задани низоъҳои марзӣ омӯзиши низоъшиносӣ ва дарёфти роҳу воситаҳои пешгирии он аҳамияти муҳим дорад.

Маърӯзаи Комилҷон Сангинов «Нақши фазои иттилоотӣ дар ташаккули шуури сиёсӣ» низ ба самъи ҳозирин расонида шуд. Баён гашт, ки дар ҷаҳони муосир нақши фазои иттилоотӣ дар ташаккули шуурии сиёсии ҷамъиятӣ назаррас мебошад. Аз ин рӯ, дар шароити трансформатсияи сохтори сиёсии Тоҷикистон ҷорӣ намудани назорати қонунии фазои иттилоотӣ муҳим аст. Чунин тадбир дар ҳукмронии фазои «холӣ»-и идеологӣ, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯ ба экстремизми динӣ дорад, муҳим аст.

Дар маҷмуъ, маърӯзаҳои устодон ба масоили мубрами замони муосир аз қабили «Истиқлолияти давлатӣ-дастоварди нодиртарини таърихи навини тоҷик», «Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҷаҳонишавӣ дар чаҳорчўбаи низоми геополитикӣ», «Ифротгароии динӣ ва хатарҳои он ба амнияти миллӣ» бахшида шудаанд. Дар ҷараёни конференсия 13 маърӯзаи устодон ва олимони ҷавони кафедра шунида шуд. Конференсия бо истифодаи муаррифӣ ва маърӯзаҳои пурмуҳтавои устодон баргузор шуд.

Баъди ироаи маърӯзаҳо бахши муҳокима гузаронида шуд, ки дар раванди он баҳсҳои доманадор сурат гирифт. Баҳсҳои устодон ба ташаккули малакаи тадқиқотӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, тарбияи ғоявӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ мусоидат намуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ