​Муаррихон зери унвони “Паём - таҷассумгари ормонҳои миллат” Паёми Пешвои миллатро мавриди омӯзиш қарор доданд

Дар факултети таърих ва ҳуқуқ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Паём - таҷассумгари ормонҳои миллат” конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Конференсияро декани факултет, дотсент Иброҳимҷон Ҷабборов ифтитоҳ бахшида, изҳор намуд, ки яке аз хусусияти Паёми навбатии Президенти кишвар аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар ҳафт соли охир аз соли 2013 то соли 2019 муқоиса, таҳлил ва хулосабарорӣ шуда, муваффақиятҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа муайян ва вазифаҳои минбаъда мушаххас гардид.

Илова гашт, ки Пешвои миллат дар баробари дигар масъалаҳои муҳим доир ба интихоботи дарпешистодаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоату шаҳрак, ки 1-уми марти соли 2020 баргузор мегардад, сухан ронда, таъкид намуданд, ки интихобот бояд ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор гардад ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқи конститутсионии иштироки бевосита ва бавоситаро дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ истифода бурда метавонад.

“Дар Паёми Пешвои миллат масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат ва муҳоҷирати меҳнатӣ, сиёсати гендерӣ ва оила – масоили меҳварӣ ва калидии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз 1-уми сентябри соли 2020 нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 - сола, дигар гурӯҳҳои маъюбони ба нигоҳубин эҳтиёҷдошта, 50 фоиз, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад”, таъкид намуд, дотсенти кафедраи таърихи умумӣ - Рустам Юлдошев дар баромади худ доир ба масоили “Дастовардҳои ҳафт соли охири даврони истиқлолият дар Паёми Пешвои миллат”.

Сипас, роҷеъ ба масъалаи “Паёми Пешвои миллат - барномаи бунёдии ояндасоз” дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археология - Шавкат Шарипов баромад намуда, баён дошт, ки Паёми навбатии Сарвари давлат мисли Паёмҳои пешина саршори иқдом ва ташаббусҳои наҷибона оид ба расидан ба ҳадафҳои ормонии мардуми мо дар роҳи бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли шукуфо ва мутамаддин мебошад. Яке аз хусусиятҳои фарқунандаи Паёми имсола таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба мактабу маориф, илму фарҳанг, маънавиёт ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватанпарастӣ мебошад.

Зикр гардид, ки дастури Пешвои миллат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр кардани шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ва то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намудан, иқдоми басо шоиста ба ҳисоб меравад. “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров воқеан шиносномаи миллат, китоби рӯимизии ҳар фарди худогоҳу худшиноси тоҷик ба ҳисоб рафта, меҳрнома ва сипосномаи ин фарзанди фарзонаи миллат ба Ватан ва халқи азизаш мебошад, ки ӯро дар оғӯши худ парварида ба воя расонидааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ