​“Моҳи ҷавонӣ” дар ДДХ: аз фестивал то мусобиқаи варзишӣ

“Бо дастури ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо мақсади дар сатҳи арзанда пешвоз ва таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо барои моҳи май – “Моҳи ҷавонӣ” тартиб ва тасдиқ шудааст, ки ҳамакнун аз рӯйи он дар 18 факултетҳои донишгоҳ чорабиниҳо идома дорад. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун донишгоҳи бонуфузи кишвар дар самти татбиқи сиёсати ҷавонон ва дастгирии ташаббусҳои намояндагони насли ояндасоз ва ғамхорӣ ба онҳо аз тамоми имконият ва шароит истифода мебарад. Зеро ҷавонон такягоҳи боэътимод ва қишри ояндасози миллат буда, ояндаи Ватан аз сатҳи дониш, маърифат ва лаёқати ин табақаи фаъоли ҷомеа вобастагӣ дорад” – қайд намуд Хайёмиддин Исмоилов.

Маврид ба зикр аст, ки дастгирии ҷавонон ва ташаббусҳо дар ин самт дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хусусияти мавсимӣ надошта, баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ин муассиса пайваста ва мунтазам чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ