Касе ки хиёнат кард ҳеч гоҳ бахшида нахоҳад шуд!
Касе, ки иштибоҳ кард ба узру бахшиш сазовор аст, вале касе ки хиёнат кард ҳеч гоҳ бахшида нахоҳад шуд!
Хиёнат бузургтар аз ҷиноят аст ва дар ҳеҷ гӯшаву канори олам хиёнат бахшида нашудааст ва имрӯз ҳам бахшида нахоҳад шуд, инро набояд фаромӯш созанд душманони миллати тоҷик аз он ҷумла ин хоинони бадниҳоду бадгавҳар.
Ҷаҳони ноорому пуртазоди муосир ба масоили пуртазоде рў ба рў шудааст, ки кўшиши ҳалли онро мушкилоти зиёдеро пешорўи давлатҳо қарор додааст. Яке аз ин мушкилот ки ҷаҳони муосирро ба ташвиш андохтааст, ин пайдо шудани хиёнаткорони дохила ва беруназмарзӣ мебошад. Мутаасифона таъсири ин амалҳои номатлубу даҳшатнок то ба баъзе шаҳрвандони сустирода, беандеша ва пастсирати Тоҷикистони мо низ расидааст.
Имрўзҳо ба ҷавонони саодатманди Чумҳурии Тоҷикистон бо такя ба дастгирии давлату ҳукумат ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифротгароёнаи хоинони миллат дода нашуда, баҳри ободониву созандагӣ дар кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош намудан лозим аст. Зеро, Тоҷикистони азизамонро ҳеҷгох ва хеҷ кас аз он ҷумла ба монанди чунин гурўҳои ифротӣ, ободу осуда ва пешрафти онро таъмин намекунанд. Ин аҷнабипарасту хоҷапарасту ватанфурӯшон танҳо максадҳои шахсӣ ва манфиатҳои хаҷагонашонро пеша доранд.
Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои решакан намудани ин зуҳуроти нангин, даъват намудани тамоми кишварҳои олам ба ҳамоҳангиву ҳамдастагӣ дар роҳи мубориза ва муқовимат бо терроризм аз тарафи тамоми давлатҳои минтақа ва олам дастгирӣ ёфт. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки саъю талошҳо ба он равона карда шудааст, ки сулҳу суботу осоиштагӣ тамоми оламро фарогир бошад.
Баҳри ин амали муқаддас ҳама ҷаҳониёнро мебояд саъю кӯшиш варзанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз душманони миллати тоҷик – хиёнаткорони ватан барои ба даст овардани обрӯву эътибор ва бо паҳн кардани шиорҳои бардурӯғ дар кишварҳои аврупоӣ машғул мебошанд, вале муссалам аст, ки онҳо ба мақсадҳои нопоки худ ҳеҷгоҳ намерасанд.
Дар ин давраи ҳассосӣ ҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқиммати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардиданд.
Амали хиёнат дар арзишҳои ахлокии инсони бадтарин амал аст, зеро хиёнат хамаи арзишҳои инсониро ботил месозад ва нафари хоин сифати инсониро аз даст медиҳад.
Муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Қузиева Н.Ҳ.