Ворух – ҷавҳари тамаддуни тоҷикӣ

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук суҳбати нависандаи тоҷикии муқими Аврупо Шаҳзода Назарзода пахш шудааст, ки баъди ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ворух сурат ёфтааст. Соҳиби ин суҳбат дар робита ба ҳузури Пешвои миллати тоҷикон хостаааст, ки роҳи хубу муассире дар ҳаллу фасли қазияи Ворух вобаста ба муаммои изҳороти қирғиз ба миён гузорад. Муаллиф моро аз муаммои қирғиз наҷот додан мехоҳад, аммо, ба фикри ман, дар ин суҳбат қазияи "орзу ва ормонҳои мардуми Ворух ба адабиёти тоҷик ва кулли форсизабонҳо" тавзеҳи зиёд мехоҳад, зеро ҳарфи носанҷида аст ва намедонам, ки ба кадом хотир гуфта шудааст. Суҳбатварз аз нонавишта мондани адабиёт ва холӣ будани ҷои адабиёт дар Ворух изҳори нороҳатӣ мекунад. Аз диди ман ин матлаб ҳар қадар аз диди соҳиби суҳбат дуруст намояд, ҳамон қадар носаҳеҳ аст ё ҳадди ақал ба тавзеҳ ниёз дорад: Гӯё дар бораи Ворух дар адабиёт ҳеч коре нашуда ва ҳушдор ҳам шуда, ки ҳоло ҳам дер нест, бояд аз сари нав кард...

Ин ноогоҳӣ аз қазияи Ворух аст. Аз ин нукта шунаванда хулоса мегирад, ки ҳеч кор барои “сабти” Ворух дар саҳнаи адабиёт ва огоҳии мардуми Ворух аз ин хусус нашуда, дар ҳоле ки аз Ворух, таърихи Ворух, падидаи суханварӣ дар Ворух, суханварони Ворух, расму ойин ва анъанаҳои ворухиён хеле зиёд гуфта ва борҳо навишта шудаанд. Далели надидани онҳо дар расонаҳо барои соҳиби суҳбат боиси инкори ин нукта нахоҳад буд: Адабиёти мо аз матолиб ва қазияи Ворух ҳаргиз холӣ нест!...

Ворух ҷузъи таърихи тоҷикон, форсизабонон аст, суханвариву анъанаҳои суханварии Ворух дар матни адабиёт ва тамаддуни фарҳанги тоҷикӣ шуҳраи офоқ аст, ҳамеша ва борҳо бозгӯ шудааст (ҳарчанд канда-канда ё андак). Ҳузури даҳҳо суханварону шоирон ва суханшиносон ҳам ин нуктаро рад мекунад, зеро ҳар суханвари аз Ворух бархоста лоақал кӯшидааст, ки ҷойгоҳи Ворухро ба адабиёт шиносонад...

Дар Исфара маҷаллаи "Ганҷи Исфара" ва нашрияи "Ганҷи Ворух" ҳамеша фаъоланд. Қаламрави фейсбук садҳо матлаб дар заминаи сабти Ворух дар адабиёт дорад, ки ба чашми ҳамагон равшан аст. Адабиёт ин ҷо холӣ нест... Худшиносии адабии Ворухиҳо дар сатҳи назаррас аст...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ташриф ва суханронӣ хеле хуб масъала ба миён гузошт, ки таърихи қаламрави Исфара ва Ворух бори дигар мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор бигирад. Ин имкон медиҳад, ки бори дигар анъанаҳои ворухиён, ҳаёти суханварӣ дар он ва ҷойгоҳи донишмандону фозилони он барои насли имрузи миллат бозгӯ шаванд.

Ворух ҷаҳони бузурги тоҷикон ва дар қаламрави Тоҷикистони бузурги мост.

Субҳони Аъзамзод

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ