​Ифтихор аз Пешвои маҳбуби миллат!

Ҷанги Бузурги Ватанӣ ё худ ҷанги дуюми ҷаҳон ба мардуми олам кулфату оқибатҳои азим оварду дар натиҷаи қаҳрамониҳои бемисли халқи давлати Шӯравӣфашизмро, чун душмани инсоният пурра нобуду решакан карда шуд. Баъд аз ҷангҳои тӯлонӣ давоми солҳои 1939-1945-ум Артиши Сурх тавонист, ки санаи 9 майи соли 1945-ум тантанавор ғалабаи куллро соҳиб шавад. Инак, 76 сол мешавад, ки саросари оламин ҷашни таърихӣ таҷлил карда мешавад. Дар ин ҷанг фиристодагони Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда 64 нафари онҳо сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудаанду мардуми кишвар ҳамасола санаи 9- май, иди Ғалабаро чун иди давлатӣ ҷашн мегиранд, ки қадрдони қаҳрамониҳои бобоёнамон мебошад. Ин айёмро дар Федератсияи Россия, ки нисбат ба дигарон кулфату осеби бештари ҷониву моддӣ дидааст, бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.

Соли равон дар таҷлили иди Ғалаба дар шаҳри Маскав иштирок доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле рамзӣ буд ва боиси ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ гардид. Дар радифиин падидаи ояндасоз мехоҳам баъзе андешаҳои шахсиамро қайд намоям. Аввало, интихоби санаҳои сафари корӣ дар айёми иди Ғалаба ва пазируфтани он аз ҷониби роҳбарияти Россия аз хирадмандӣ ва дипломатияи баланди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Баъдан, тамоми раванди сафари корӣ аз қабул, суҳбатҳои хоса, иштирок дар паради ҳарбӣ ва маросими гулчанбаргузоривуто гусел шаҳодати муносибати дӯстонаи сарварони ҳарду давлат мебошад, ки аз он ҷумла ҳифзи марз бо Афғонистон, ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғайра нишонаи эътибору таваҷҷӯҳи пайвастаи Пешвои муаззамимиллати ба доимо муваффақона ҳаллу фасл мегардад.

Бо симоиориёӣ, салобати хоса ва оқилии шарқӣ муаррифӣ намудани мардуми тоҷикро дар таҷлили иди Ғалаба тамоми ҷаҳониён шоҳид шуданд, ки таҷассумгари пешрафту эътибори баланди Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Дар лаҳзаҳои сафари кории Пешвои муаззами миллатҳисси ифтихору рӯҳбаландӣ ҳамаи тоҷикистониёнро фаро гирифта буд, зеро, обрӯву эътибори давлатамонро заҳмату талошҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар заминаибунёдӣ гузоштааст.

Бинобар ин, ҳар як фарди ватандӯсту хештаншиноси Тоҷикистон вазифадор аст, ки аз ин лаҳзаҳо илҳоми тоза бардошта барои таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳимояи якпорчагии Ватани маҳбубамон камари ҳиммат банданд!

Доимо ободу осудаю поянда бодо Тоҷикистон !

Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиат


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ