Он суханҳои дуруғро ба нафаре гӯй ки туро нашиносад
Санаи 8-уми марти соли 2021 мусоҳибаи собиқ раиси ТТЭ ҲНИ, роҳбари имрӯзаи “Паймони миллӣ” Муҳиддин Кабирӣ бо рӯзноманигор Григорий Жигилов дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардид. Мӯҳтавои мусоҳиба асосан дар атрофи ҳаводиси солҳои 90-уми асри XX, муқовимати шадиди сиёсӣ дар Тоҷикистон, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ овард, омилҳои дохилӣ ва хориҷии ҷанги бародаркуш, нақши ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ дар ин воқеаву рӯйдодҳои нанговару мудҳиш, раванди гуфтушуниди байни тоҷикон, нақши Русия, Эрон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва дигар кишварҳо дар раванди расидан ба сулҳ, маъракаи интихобот дар Тоҷикистон, ба сохторҳои гуногуни идоракунии давлатӣ ҷалб намудани намояндагони ИНОТ мувофиқи Созишномаи умумии истиқрони сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти ҲНИ ва роҳбарони он,таъсиси “Паймони миллӣ”, мақсад, маром ва нақшаҳои ин созмон дар оянда ва баъзе дигар масъалаҳоро дарбар мегирифт.
Мусоҳибаи навбатии оқои Кабирӣ аз “кароматҳою”, фолбиниҳо, ҳарзагӯиву сафсатафурӯшии пештараҳои ӯ фарқияте надошта, ҳамон мақолеро ба ёд меорад, ки маъмулан дар “васф”-и сарояндагони беҳунари як сурудро такрор ба такрор месароянд, истифода мебаранд, яъне: “Чи мехонӣ? Порсола”.
Ҳангоме, ки рӯзноманигор дар бораи сабабҳо ва омилҳои муташанниҷ гаштани вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон, гирдиҳамоиҳои тӯлонӣ, муқовимати мусаллаҳонаба қувваҳои ҷонибҳои даргир ҷонибдор ва мухолиф савол медиҳад, Кабирӣ мисли як актёри беҳунари саҳнаи сиёсат бемасъулиятона ба сиёҳ кардани ҳама чизу ҳама кас мепардозад. Албатта маълум аст, ки яке аз омилҳои ҷанги таҳмилиишаҳрвандӣ дар Тоҷикистон душманони хориҷии миллати тоҷик ва истиқлолияти давлатии мо буданд. Оқои Кабирӣ дар ин радиф Русия ва Ӯзбекистонро бештар гунаҳгор меҳисобад, аммо аз ташкилкунандагонии асосии ин ҷанг ҳарфе ба забон намеорад, гӯё саҳифаҳои дирӯзи таърихи моро фаромӯш карда бошад.
Ҳама медонанд дар майдони “Шаҳидон”, ки ташаббускор, таъсисдиҳанда, идоракунандаи он роҳбарони ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷии онҳо киҳо буданд ва нақши шуми аслиро киҳо бозиданд. Танҳо ба ёд овардани шиорҳои наҳзатиёни мазҳабфурӯш ба мисли “Ҳам шиаю ҳам суннӣ, роҳбари мо Ҳумайнӣ!”, “Аллоҳу Акбар, Ҳумайнӣ раҳбар!”, “Роҳи мо Алист, бирав гум шав, коммунист!”, “Атри гули муҳаммадӣ, Вилоятӣ хуш омадӣ!”, “Амрико, Амрико, марг ба найранги ту, хуни шаҳидони мо мечакад аз чанги ту”ва дигар шиорҳои наҳзатиҳо, ки аз ҳалқи роҳбарони ТТЭ ҲНИ садо медод ва онро гирдиҳамомадагони гипнозшуда мисли булбул такрор мекарданд, шиорҳои ифротгароёни мазҳабии ба мо бегона мебошад. Суоле пеш меояд, ки чаро оқои Кабирӣ дар ин бора ҳарфе намегӯяд. Ин ҷо ҷавоб маълум аст. Ӯ хоҷагони аслии худро, ки имрӯз низ аз пулу пайсаи онҳо дар Аврупо мисли гуфтаҳои худаш хеле роҳат аст, ифшо кардан намехоҳад. Гуноҳро танҳо ба гардани дигарон бор мекунад, Президентҳои Русия Б.Елтцин, Ӯзбекистон И.Каримов, вазири мудофиаи Русия Грачёв, афсари рус Клочков ва чанде дигаронро ба забон оварда, ҳар чи мехоҳад дафтари аъмолионҳоро сиёҳ кунад ва ҳизби наҳс, сиёҳаъмол, фитраткуши худро, ки яке аз гунаҳгорони асосии ҷангӣ шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, рехтани хуни ҳазорон шаҳрвандони бегуноҳ, аз Ватан гуреза шудани ҳамватанони мо, ноҳақ қатл шудани садҳо намояндагони илму фарҳанг, арбобони давлатию ҳизбӣ, ходимони дин маҳсуб меёбад, мисли мусичаи бегуноҳ сафед созад.
Кабирӣ мисли дигар сӯҳбату мусоҳибаҳои қаблиаш аз худ “қаҳрамон”, “стратег”, “идеолог”, “сарвар” сохтанӣ аст ва такрор кардани “мо бо Ҳукумат сулҳ бастем”-ро дӯст медорад. Ин ҷо нимкосае зери коса ниҳон аст, ки гӯё худи ӯ шахсан дар ин раванд саҳмгузор бошад. Дар ҳамин мусоҳиба худи ӯ мегӯяд, ки “ман дар воқеаҳои солҳои 90-ум чун мушоҳид иштирок доштам” ва ҷавонии худро ба ёд оварда, таъкид менамояд, ки “ман ҳамчун донишҷӯ дар ҳайати ҷавонони равшанфикр будам”. Пас мо бо Ҳукумат оштӣ кардем, сулҳ бастем гуфта, ин қадар ҷор задан, аз худ “қаҳрамон” сохтан чи маънӣ дорад?
Зери Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ИНОТ гузошта шудааст, на роҳбари ТТЭ ҲНИ. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намуда буданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо Иттиҳоди нерӯҳои опозитсияи тоҷик созишномаи сулҳро ба имзо расонидааст, на бо ТТЭ ҲНИ. Дар расидан ба сулҳу оштии миллӣ тамоми ҷонибҳои даргир, тамоми ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ саҳмгузоранд, на танҳо ТТЭ ҲНИ. Сулҳи тоҷикон ғалабаи ақли солим, фалсафаи сулҳофарии мардуми мо, ки азалан халқи ботаҳаммул, сулҳпарвар аст. Мутаассифона Кабирӣ ва ҳизбу “паймонак”-и ӯ имрӯз ин дастоварди миллати моро мисли номусу шарафи худашон матои тиҷорати сиёсии худ кардаанд ва заруру нозарур дар ҳама ҷо атрофи ин масъала сухан мегӯяд, худро чунон вонамуд мекунад, ки гӯё дар расидан ба сулҳ хизмати бузург кардааст.
Дар мавриди иштироки ТТЭ ҲНИ дар маъракаҳои интихобот низ ӯ фолбинӣ ва ҳарзагӯии худро ба дараҷаи аъло расонида, бешармона изҳор намуд, ки гӯё дар маъракаи интихоботи соли 2010 ба парлумони кишвар ҳизби ӯ ғолиб омада, аксарияти овозҳоро соҳиб гардидааст. Ҳатто ӯ бешармона Давлат Худоназаровро ҳамчун номзадиТТЭ ҲНИ ба мақоми Президенти Тоҷикистон дар интихоботи соли 1991 номбар намуд. Ҳол он, ки номзадии Д.Худоназаровро аввалин борИттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пешбарӣ намуда, ин иқдомро Ҳизби демократи Тоҷикистон, созмонҳои “Лаъли Бадахшон”,“Растохез” ҷонибдорӣ намуда буданд. Давлат Худоназар ҳамчун зиёии асил, ватандӯсти ҳақиқӣ дар ҳеҷ ваҷҳ намехост аз ТТЭ ҲНИ номзад бошад ва ӯ низ қурбони дасисаҳои сиёсии наҳзатиён гардид. Хуб мешуд, ки “устоди” наҳзатиён саҳифаҳои начандон дури таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлолро варақ мезад ва аз “таърихсозӣ”, “таърихбофӣ”, таҳрифи таърих худдорӣ мекард.
Пас аз он, ки ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистии дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ дастдошта, бо далелҳои раднопазир исбот шуд ва радди маърака гардид, Кабирӣ ҳаммаслакони худро ба ҳоли худ гузошта, ба хориҷи кишвар дум хода кард. Ӯ “бародарони ҳизбӣ” ва ҳизби худро ба як пули сиёҳ фурӯхта, созмони дигареро бо номи “Паймони миллӣ” таъсис дод. Ӯ бо ин роҳ мехост, ки дар як лаҳза аз “мулло” ба “демократ” табдил ёфта, акнун зери қаноти демократҳои Аврупо дарояд, аммо фаҳмидан намехоҳад, ки бо иваз кардани полон тағйир ёфтан амри маҳол аст. Чуноне, ки мегӯянд “хари Исо гар ба Макка равад, боз ҳамон хар аст”.
Ба саволи рӯзноманигор Григорий Жигилов дар хусуси ба сари қудрат омадани наҳзатиён онҳо Тоҷикистонро ба кадом роҳ мебаранд, кадом модели сиёсӣ ва иқтисодиро интихоб мекунанд, ин ҷо низ Кабирии муғамбир, суханбоз, риёӣ аз ҷавоби рӯирост саркашӣ карда, ба сафсатафурӯшии навбатӣ мепардозад ва мегӯяд, ки ӯ ва наҳзатиёнаш ҷонибдори модели Туркия ва Малайзия мебошанд ва таъкид менамояд, ки ин моделҳо барои ӯ ҷолибанд, аммо онҳо роҳи хосаи худро интихоб хоҳанд кард. Ӯ изҳор намуд, ки ҷонибдори давлати демократӣ, дунявӣ буда, дин бояд мисли кишварҳои Аврупо, Ҳиндустон дар ҷомеа мақоми худро дошта бошад. Ин ҷо низ риёкорӣ, дурӯягӣ ва бечорагии Кабирӣ дида мешавад ва ӯ намедонад дастуру супоришҳо ва ақидаҳои демократҳои Аврупоро ё хоҷагони аслиаш – охундҳоро ба забон орад. Таърих собит сохтааст, ки ягон ҳизби динӣ, хосатан ҳизби исломӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ҷонибдори давлати демократӣ ва дунявӣ набуд ва буда ҳам наметавонад ва ин аз афсонаиКабирӣ беш нест. ТТЭ ҲНИ, сарварони он, аз ҷумла Кабирӣ дар ду дунё ҷонибдори давлати дунявӣ набуданд, нестанд ва намешаванд. Сӯҳбату мусоҳибаҳои ӯ ва думравонаш танҳо атрофи ришу салла, ҳиҷоб ва ғайра чарх мезанад ва табқи андешаҳои торику маҳдуд ва муғризонаи онҳо гӯё дар аҳкому фалсафа ахлоқи ислом ба ғайр аз ин чизи дигаре нест. Дар ҳар лаҳза аз ислому мусулмон будани худ ҳарф заданро дӯст медоранд, аммо ҳама корашон, тоату ибодаташон низ риёкорӣ аст, чуноне, ки Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:
Ба замин чу саҷда кардам, зи замин садо баромад,
Ки маро хароб кардӣ, ту ба саҷдаи риёӣ.
Кабирӣ дар Аврупо хеле роҳат будани худро хушнудона изҳор карда мегӯяд, ки “ин ҷо хеле роҳат аст, хеле хуб аст, зиндагӣ дар Аврупо дар ҷаҳонбинии ҳамҳизбони ман таъсири хуб расонидааст, онҳо хеле “донову мутафаккир” шудаанд ва ҳарфу сухани пиру устодашонро (ӯ худро дар назар дорад) аз як ишора мефаҳманд. Албатта то куҷое ин суханон рост аст ба ҳамагон маълум аст. Шояд мағзшӯии хоҷагони аврупоӣ онҳоро каме “демократ” сохта бошад, аммо ҳарфу суханашон, навиштаҳояшон, мусоҳибаҳояшон шоҳиди он аст, ки ҳама Аҳмади порина ҳастанд ва устодони аслии пасипардагиашон ҳанӯз ҳамон охундҳо мебошанд.
Ҳамин тариқ, душманони миллат ба монанди М.Кабирӣ ва дигар думравону косалесони ӯ бо ҳар роҳу васила аз минбарҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ суханронӣ намуда, ба миллату Ватани хеш, дину мазҳабашон хиёнат мекунанд, санги маломат мезананд, даъвои сарварӣ, раҳбарӣ дошта, аз худ “шахсият”-и сиёсӣ сохтанӣ мешаванд. Аммо онҳо фармӯш мекунанд, ки ин сафсатафурӯшии онҳо мисли ҳубоби рӯи об аст, умри дурӯғ кӯтоҳ аст ва дурӯғгӯӣ торикии имон аст, ҳамчуноне, ки шоир фармудааст:
Ҳар он кас, ки гуфтораш дурӯғ аст,
Зи рӯи ақл, рӯяш бефурӯғ аст.
Иброҳим Ҷабборов