Ҳифзи манфитаҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлатии Тоҷикистон сиёсати ҳарбии комилро ҳамчун воситаи тавонои пойдорӣ ва таъмини истиқлолияти кишвар қарор медиҳад. Инкишофи ҷомеа марҳилаба марҳила то ҷое мерасад, ки давлат қудрати иҷро намудани ҳар гуна вазифаи мушкил аз ӯҳда мебарояд. Давлат ҳамчун кафил ва субъекти муҳими таъмин ва ҳифзи амнияти миллӣ баромад менамояд.

Дар замони муосир вазифаи муҳими рушди Тоҷикистони соҳибихтиёр аз унсурҳои зерин вобастагӣ доранд: дарки амиқи манфиатҳои миллӣ ва воқеияти нави геополитикии ҷаҳони имрӯза, раҳоӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ ва молиявӣ, ҳимояи манфиатҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини инкишофи мутаносиби ҳаёти иҷтимоӣ; дар ҳолати мувозинат нигоҳ доштани инкишофи муносибатҳои мутақобилаи аксарият ва ақалияти миллӣ, дарки фаврии пайдоиши мухолифини сиёсӣ ва дар заминаи ба эътибор гирифтани манфиатҳо самаранок гардонидани фаъолияти он, ѓамхорӣ дар ҳаққи ҳамватанони хориҷ аз кишвар ва амсоли инҳо.

Сабаби асосии муҳимияти мавзуи мазкур ин андозанамоии сиёсати ҷаҳонӣ дар фазои геополитикии олам ба ҳисоб меравад. Бо баробари вусъат ёфтани низоми нави ҷаҳонӣ, махсусан пас аз таназзули «ҷанги сард» масъалаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамчун омили муҳими таъмин ва ҳифзи амният, устувории давлат ба миён омад. Имрӯз кишвареро пайдо кардан мушкил аст, ки он моноэтникӣ бошад, яъне дар он гуруҳҳои мухталифи этникӣ, миллату халқиятҳои гуногун бо фарҳанг ва анъанаҳои ба худ хос зиндагӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз, ин мақсади аввалиндараҷаи давлатҳои ҷаҳон ба шумор рафта, ба ҳар гуна амалҳои мухолифатноки дохиливу берунии ба рушди муносибатҳои байниҳамдигарии таъсири манфидоштаи онҳо ба ҳисоб меравад. Таъмин ва ҳифзи бехатарии давлатӣ, пеш аз ҳама, ба воситаи татбиқи самарабахши мақсадҳои стратегӣ ва консепсияи амнияти миллӣ амалӣ карда мешавад, ки масоили такмили саривақтии онро ба вуҷуд меорад, зеро ҷараёни татбиқи он ба ташаккули мақоми давлат дар арсаи байналхалқӣ таъсири хоса мегузорад.

Консепсияи амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими кишвар, роҳнамои асосии мақомоти қудратӣ, низомӣ ва кулли муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, дар заминаи баҳисобгирии манфиатҳои миллӣ-давлатӣ, тадриҷан қонеъ намудани талаботҳои мухталифи аксарияти аҳолӣ мураттаб шудааст. Инчунин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавӣ дарҷ ва инъикос гардидааст, ки он ӯҳдадорӣ ва масъулияти дутарафаи байни давлат ва шаҳрвандро талаб менамояд.

Ҳокимият вазифадор аст, ки давлат, ҷомеа ва шахсро аз бесуботиву нооромӣ ва муқовимат ҳифз намуда, худ аз хавфу хатарҳо озод бошад, то ин ки устувории сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро гирифтори бӯҳрон нагардонад.

Таҳдиди дигари ба амнияти давлатӣ ва миллӣ таъсиррасонанда ин оғоз гардидани моҷароҳои ҳарбиву сарҳадӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷиҳат пешгирии моҷароҳои гуногуни иҷтимоӣ, этникӣ, муҳоҷирати барзиёд, таҳкими пояҳои ваҳдат, рушди инкишофи ҷомеа дар заминаи манфиатҳои умумӣ вазифаи муҳими Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода ба Тоҷикистон зарур аст, ки баҳри расидан ба истиқлолияти комил, рушди иқтисодиёти миллӣ талош намояд.

Хатар ва таҳдид ба амнияти миллӣ ҳангоми ба амал омадани вазъияти номӯътадил дар ҳудуди давлатӣ оѓоз мегардад. Имрӯз дар Осиёи Марказӣ ҳам байни як зумра мамлакатҳо муноқишаҳои сарҳадӣ дида мешавад. Таҳдидҳои пайваста, махсусан, аз тарафи давлатҳои ҳамҷавор боиси бунёди монеа дар инкишофи ояндаи иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонанд. Бӯҳрони Афғонистон заминаи асосии таҳдиди на танҳо ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, балки ба тамоми дунё ба ҳисоб меравад. Таҳдиди дигар ба амнияти Точикистон ва Осиёи Марказӣ ва умуман, тамоми ҷаҳон ин афзуншавии ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ, ва динию мазҳабӣ ба ҳисоб меравад. Афзоиши гурӯҳҳои мазкур бо рафторҳои ношоиста ва амалҳои ғайриинсонӣ авзои сиёсии сайёраро ноором намуда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.

Терроризм ва ифротгароӣ боиси сарчашмаи барангезандаи таҳдид ва зӯроварӣ, расонандаи зарари вазнини рӯҳӣ ва ҷисмонӣ, таҷовуз, бенизомӣ, таѓйири сохтори коститутсионӣ, ѓасби ҳокимият, ташкилкунандаи низоъҳои миллӣ, динӣ ва иҷтимоӣ мегардад. Бо чунин нишондодҳо ҳам терроризм ва ҳам экстремизм зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун яке аз муаммоҳои марказии ҳаёти башарият боиси нигаронии кишварҳои рӯи олам гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу худшиносро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноӣ ва амали ѓайриинсонӣ бетарафӣ зоҳир нанамоянд, чунки ин вабои аср ба мисли тори анкабут сайёраро печида гирифтааст ва ҳатто дар манотиқи мутамаддин ва аз ҷиҳати илму дониш пешрафти манотиқи курраи замин нишонаҳои ба назар мерасанд. Ҳамин тавр, мавриди ташаккул қарор додани ҳимояи манфиатҳои миллӣ иртибот ба вазъияти рушди низоми олам, ҳамгироӣ, пайвастагӣ ва муносибатҳои мутақобилаи байниҳамдигарии акторҳои мухталифи сиёсати ҷаҳонӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим мебошад. Дар ин самт бояд ба масъалаҳои зерин:афзун гардонидани иқтидор ва қобилияти мудофиавии давлат; муборизаи шадид бар зидди экстремизм ва терроризм; таъмин ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ; мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ ва ҷинояткорӣ;таъмини амнияти энергетикӣ;таъмини амнияти озуқа; таъмини амнияти рушди саноат; таъмини инкишофи соҳаҳои хоҷагидорӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ