Халқи тоҷик тарафдори сулҳу ваҳдат аст

Имрӯз яке аз ҳодисаҳое, ки дар Исфара ва дар гирду атрофи деҳоти он, ки яке аз мавзеъҳои бостонӣ зебоманзари диёрамон аст, ба мардуми ин кишвари азизамон рӯзи мудҳиш гардид. Исфара ва деҳоти он дар таърихи халқи мо мақому манзалат ва ҷойгоҳи азиме дорад. Агар ба назарияҳои таърихӣ, сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва коршиносони соҳа назар афканем онҳо ба хулоса омадаанд, ки деҳаи Ворух – пораи воқеиву ҳақиқии кишвари диёри мо аст.

Дар ҳама гунасозандагӣ ва амалҳои неке, ки дар ин мавзеъ дида мешаванд, пеш аз ҳама, нақши бисёр аксиологии ҷавонони имрӯзаи бонангу номуси ин шаҳри овозадор аст. Қайд карда мешавад, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлоли шаҳри Исфара ҳам дар самти созандагӣ ва ҳам дар ҳимояи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таъмин намудани амнияти давлату ҷомеа ва волоияти қонун дар сафи ҷавонони фаъоли мамлакатамон қарор доранд.

Шаҳри Исфара, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад, дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва муносибатҳои байни ду миллат нақши муҳим дорад. Аммо ин муносибатҳо чанд муддат инҷониб дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба изҳороти намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон, ки мехостаанд Ворухро ба ивази баъзе аз заминҳо ба Қирғизистон ҳамроҳ кунанд, нофаҳмиҳоро ба миён овардааст.

Раиси Кумитаи амнияти милии Қирғизистон Қамчибек Ташиев дар яке аз суханрониҳои худ доир ба ин мавзеъи андешаронӣ намуда, онро ҷазирақаламрав гуфтааст, ки он асоси воқеӣ ва таърихӣ надорад. Тибқи сарчашмаҳои боэътимод ин мавзеъ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷик тааллуқ дорад. Дар саҳифаҳои таърих як пораи Тоҷикистон будани Ворух дарҷ гардидааст. Ин ҳақиқат асту таърих аст, ки мутаассифона, мардуми қирғиз, бе ягон асос даъвои заминҳои мазкурро надоранд.

Муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо кишварҳои ҳамсарҳад бояд бо дарназардошти эҳтироми якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад. Халқи тоҷик дар таърихи си солаи худ таҷрибаи бою ғанӣ дорад, ки тарафдори сулҳу ваҳдат мебошад. Аз ин лиҳоз, имрӯз мардуми тоҷик кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ин нофаҳмӣ ва моҷараҳои байни ин ду кишвари ҳамсарҳаду бародарро бартарф намояд. Ин амлаҳои ду миллат монанди амалҳои террористӣ мебошад.

Имрўз сокинони дунё таљрибаиПешвои миллат, Асосгузори сулњу вањдати миллї Эмомалї Рањмонро оиди сулњу вањдат омўхта истодаанд. Ин бесарусомонӣ ба тинљиву оромї ва зиндагии орому осоиштаимардумитољикро халалдор кунанд. Зеромардумикишвари азимамон имрўз, ки ба зиндагии осоишта одат кардаанд кӯшиш ба харҷ менамоянд, ки чунин бесарусониҳо аз байн раванд ва ба зиндагии осудаҳолона умр ба сар баранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти хеш бо мардуми Исфара гуфта шуд, ки дар давоми 19- соли музокирот (бо Қирғизистон) масъалаи иваз кардани Ворух бо дигар қитъа вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта наметавонад ва таъки намуданд, ки “ҳалли масъалаҳои марзӣ мӯҳлат мехоҳад ва бо эҳсосот ҳал намешавад”. Эмомалӣ Раҳмон зимни мӯҳбат қайд нмуданд, ки музокирот барои муайян кардани марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 2002 оғоз шуда, комиссияи ду кишвар бо ҳам беш аз сад мулоқот анҷом додаанд. Ба гуфти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни ду кишвар бар асоси аҳдномае беш аз нисфи хатти марз муайян шуда буд. Зикр гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон соли 2016 расмиёти дохилиро анҷом дод, аммо бо сабаби барои Душанбе номаълум, дар Қирғизистон расмиёти дохилӣ анҷом нашуд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар ин моҳи муборак ва моҳи хайру савоб кӯшиш ба харҷ намуд, ки ин даргириҳое, ки дар сарҳад ба вуқӯъ омад, дигар ба чунин масъалаи мудҳиш бар намегарданд.

Норбобоев Б.Б., Қурбонова М.У – сармуаллимонии кафедраи фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ