​Изҳорот: Маркази тоҷикон ва қаллоби Иззат Амон дар Русия

Иззат Амон дар хориҷи мамлакат худро ҳомии ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирон эълон карда, бо чунин баҳона “Маркази тоҷикон”-ро ташкил карда аст. Тавре баъдан аз фаъолияти кории ӯ ба мушоҳида расид, ӯ ин ниҳодро на бо мақсади кӯмак ба шаҳрвандони Тоҷикистон, балки боҳадафи аз худ кардани маблағҳои онҳо таъсис дода аст. Ин ҳадафи пардапӯшона афсӯс, ки пас аз зарари калон дидани баъзе нафарон ошкор карда шуд. Ҳоло ҳам дер нашудааст. Хушбахтона пеши роҳи чунин авбошони бевиҷдон гирифта шуд. Иззат Амон як қаллоби тоҷике аст, ки барои ба даст овардани пули бедарду миён аз баҳри шаҳрвандии Тоҷикистон баромад ва бар ивази он ба фиреби тоҷикони муҳоҷири тоҷик дар Русия машғул шуд. Иззат Амон яке аз аъзоёни ташкилоти террористи ҳизби наҳзати исломӣ буда, аз мактаби тафриқаандозии роҳбарони он дарс омӯхтааст. Фаъолияти ӯ нишон медиҳад, ки ӯ борҳо ба тарафдории равияи экстремистии «Аҳмадӣ», «Наҳзат» ва миёнарави «Г24» иқдом намудааст. Иззат Амон ба ҳамон нафари ғоратгари наҳзатиҳое шабоҳат пайдо кардааст, ки дар солҳои пеш хонаи мардумро дар дохили мамлакат вайрон ва ғорат карда буданд ва ин корро ӯ дар хириҷи мамлакат ба наҳваи дигар идома дод.

Тавре аз расонаҳо маълум гардида истодааст, ҷиноятҳои Иззат Амон оҳиста оҳиста ошкор ва корҳои ба анҷом расонида ӯ дар назди мардуми тоҷик аён шудааст. Сари вақт пеши роҳи чунин қаллобонро гирифтан аз фоида холӣ нахоҳад буд.

Кайхусрав Каримов–устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ