​Дузди зӯр соҳиби говро муттаҳам кардааст

Мисоли равшани ин мақоли халқӣ дар ҳаёти имрӯза бисёр дучор мешавад. Як тоифа инсонҳоро одат гардида, ки ҳам кирдори ношоиста анҷом медиҳанду аз пайи он сад ҳилаву иғво ба кор мебаранд, то аъмолашон рӯйпӯш ва пеши роҳашон тоза бошад. Бадии кор дар он аст, ки гоҳо атроф, ҷомеа аз воқеият дур монда, ба як муддати муайян ҳарзагӯиву ҳилаҳои онҳоро бовар мекунад. Ин усул ё ба истилоҳи русӣ метод“ҳам ғариву ҳам пештозӣ”-ро мемонад, ки баҳои ному виҷдону шарафи ин тоифа аз мундариҷаи зарбулмасал пайдост. Бамаврид, халқ мақоли дигаре ҳам дорад: “Дурӯғ бодпо медавад. Ҳақиқат – оҳиста, вале дар вақташ мерасад”. Ҳарчанд, дер ё зуд пардаи ҳақиқат аз пеши рӯи ин тоифа афтода, шармандаву расвояшон мекунад, як муддати муайян садҳо андешаву тафаккуру назарҳо тағйир меёбад, ба инсонҳо зарбаҳои равониву моддӣ мерасад, ба садҳо ҷодаву кор садду монеаҳо эҷод мешавад.

Чанд рӯз аст, ки саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоиро аз назар гузаронида, ривояти “дузди муштзӯр” ба хотирам мерасад. Гап дар сари қазияи Иззат Амон аст. Ҳамоне, ки ба худ номи “пешвои муҳоҷирон”-ро часпонида, ин қишри ҷомеаро дар амалӣ гардонидани манфиату нақшаҳои хеш ҳамеша сӯистифода мебурд. Вайро айнан бо ҷурми фиребу ҳиллакорӣ боздошт карданд: ҳиллаи муҳоҷирони меҳнатӣ – ҳамоне, ки гӯиё Иззат Амон пуштибону лидери ғайрирасмияшон буд!

Аслан, ҳоҷати ба ин мавзӯъ пардохтан набуд. Зеро ҳар нафаре, ки ҷиноят содир кард, новобаста аз киву чикора буданаш бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Вале дар атрофи ин қазия чанд масъалаи дигар чарх мезананд, ки доир ба онҳо ҳарф назадан ба манфиати кор нест:

Якум. Аслан, муҳоҷирони меҳнатӣ ҳеҷ гоҳ ба чунин пешвои ғайрирасмӣ эҳтиёҷ надоранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳаллу фасли масоили ҳалтараби муҳоҷирони меҳнатӣ пайваста тадбир меандешад.Гузашта аз ин, дар қаламрави Русия сафорат ва консулгариҳои кишвари мо амал мекунанд, ки вазифаи ҷонии онҳо расидагӣ ба муаммову мушкилии сокинони муқими кишвари кордеҳ аст. Бар иловаи ин, дар натиҷаи ҷустуҷӯйҳои зиёди саҳифаҳои интернетӣ аёнам нагардид, ки Иззат Амон бо кадом кору пайкори муайян, мушаххасан, бо чи ғамхориву дастгирии муҳоҷирон унвони “лидер”-иро ба худ часпонидааст?

Дуюм. Воқеан, муҳоҷирати меҳнатӣ мушкилиҳои ба худ хос дорад, ки инро ҳама беҳарзагӯиҳои Иззат Амону бо ном пуштибонони дигари муҳоҷирон ҳам медонанд. Вале ба назар чунин мерасад, ки барои ин идда гурӯҳу шахсиятҳои алоҳида мушкилӣ не, балки муҳоҷирон ба як восита худнамоиву манфиатҷӯӣ табдил шудаанд. Ин гуфтаро бе ҳеҷ мушкилӣ аз раванди кори чунин гурӯҳҳои “муҳофиз” метавон дарёфт. Бадии кор дар он аст, ки чунин амалу рафтор ва сӯистифода аз муҳоҷирон берун аз хоки Ватан сурат мегирад. Ин магар боиси паст задани шаъну эътибори тоҷику тоҷикистонӣ ва умуман миллат дар хориҷ намегардад? Худ қазоват кунед: “лидер”-и муҳоҷирони тоҷикро бо ҷурми қаллобиву фиребкорӣ ва ин ҳам бошад фиреби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дастгир карданд! Магар ин қазия ба фаъолияти минбаъдаи муҳоҷирони мо халал намерасонад?

Сеюм. Мақомоти қудратӣ беасос ва бедалел ҳеҷ касеро муттаҳаму дастгир намекунад ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро сарқонун кафолат додааст. Бо далел маълум карданд, ки Иззат Амон ҷиноят содир кардааст. Агар дар ин қазия шаку шубҳае вуҷуд дошта бошад, пас, зинаи судӣ – як шохаи озоди ҳокимият вуҷуд дорад, ки ба он баҳои ҳуқуқӣ медиҳад. Аммо додхоҳиву пештозии наздикону атрофиёни Иззат Амон ва ҳангомасозиҳои онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, ки ғофилона мақомотро баръакс муттаҳам мекунанд, магар мақоли халқии “дузди зӯр”-ро намемонад?

Нодида гирифтани ҷиноят худ ҷинояти дигар аст ва новобаста аз мақому манзалат (ҳарчанд, ки сохтаву бофта ҳам бошад!) ҷинояткор бояд ҷавоб гӯяд.

Қурбони Усмон, журналист

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ