​Таҷрибаомӯзии рӯзноманигорони оянда дар ВАО-и вилоят

Донишҷӯёни соли дуюми ихтисоси рӯзноманигорӣ давоми наздик ду ҳафта дар воситаҳои ахбори оммаи вилоят таҷриба андӯхта, донишҳои назариявии хешро дар амал татбиқ намуданд. Аз ҷумла, як гуруҳ аз ин донишҷӯён ба нашрияҳои вилоятии “Ҳақиқати Суғд”, “Согдийская правда”, “Суғд ҳақиқати”, радиои “Шаҳри ман” ва радиои “Дунё Fm”-и шаҳри Истаравшан вобаста шуда, маҳорати нигорандагӣ ва эҷодии худро сайқал бахшиданд.

Бино ба иттилои номзади илмҳои филологӣ, Замира Сатторова, ки роҳбарии гуруҳе аз ин таҷрибаомӯзонро ба уҳда дорад, дар доираи таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён бо анвои мухталифи жанрҳои журналистӣ ба таври амалӣ сарукор гирифта, вобаста ба мавзуъҳои муҳиму мубрами ҷомеа маводи журналистӣ таҳия намуданд.

Гуфта мешавад, ки талабот ба ҳар як донишҷӯ омода ва нашри ҳадди ақал панҷ мавод буд, ки донишҷӯён ин масъулиятро ба хубӣ иҷро намудаанд.

Хотиррасон менамоем, ки шуруъ аз оғози моҳи июн таҷрибаомӯзии донишҷӯён тибқи нақшаи шуъбаи таҷрибаомӯзии раёсати донишгоҳ ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз ин иқдом такмили дониши тахассусии донишҷӯён ва ба ин васила татбиқи амалии саводи назариявии онҳо унвон мешавад.

Мавриб ба зикр аст, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкил ва ҷамъбаст намудани таҷрибаомӯзии донишҷӯён тамоми шароит ва имконот фароҳам шуда, ҳамакнун фаъолияти донишҷӯён дар ин давра мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ