Конфронс: “ВНМО– вабои аср”

Дар кафедраи тиббӣ - биологии факултети биология ва химия дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВИЧ - СПИД конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд.

Дар кори конфронс декани факултет, устодони кафедра ва намояндаи шуъбаи тарбияи донишгоҳ иштирок намуданд.

Оид ба мавзуъҳои мавриди матраҳ маърӯзаҳо пешниҳод шуда, масоили марбут ба мубориза бо бемории ВИЧ-СПИД мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВИЧ – СПИД дар факултетҳои донишгоҳ чорабиниҳои гуногун идома дорад, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ