Изҳорот: ТЭТ ҲНИ ва қаллобиҳои Кабирӣ
Солҳои охир аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар тамоми мамолики ҷаҳонташкилотҳои гуногуне, ки ба қатлу куштор ва терроризму экстремиз алоқамандӣ доранд ошрон ва фаъолияти онҳо баста мешавад. Баста шудани ТЭТ ҲНИ, боздошти раҳбарони асосии он ва иттиҳоми раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар ташкили ошӯбҳои мусаллаҳонаи генерал Назарзода аъзои радикал ё тундрави ин ташаккули сиёсиро ба пешбурди фаъолиятҳои пинҳонкорона водор мекунад.
Аз тамошои филми мустанади “Хиёнат” имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломиро тамошо карда ба ба хулоса омадаанд, ки дигарбора ба доми фиреби ин нохалафони миллаткуш наафтанд. Зеро аз марҳилаҳои пайдоиш то баста шудани ин ташкилоти террористӣ ягон аъзову пайрави он барои ободонии Ватан ба мисли донаи гандум саҳме нагузоштааст, ки инро вақт ҳамчун ҳаками бузург собит кард.
Аз натиҷагирии ин ташкилот маълум аст, ки касе ки аз ин ташкилот ҷонибдорӣ кард аз доираи одамигарӣ берун шуд ва дар забон номи поки Худо даст ба амалҳои бешарафонаву разилона ба мисли одамкушиву террористӣ, қатлу куштор, фаҳшу зино ва амалҳои разилона даст зад, ки боиси нафрати тамоми мусалмонон гардид. Дар асл имрӯз ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ба як манбаи даҳшатафканиву террористтайёркунӣ табдил ёфта, аъзову пайравони он ҳатто оддитарин меҳру шафқат ва арзишҳои инсониро поймол карда, бо истифода аз номи дини мубини ислом бар зидди дин ҷанг эълон кардаанд. Ин нохалафон боиси барангехтани кинаву адоват ва тафриқа байни ҳамватанон шуда, мардумро ба сӯи нооромиву ноумедиҳо мекашанд.
Шаҳрзод Баҳорӣ