Кабирии наҳзатӣ роҳ ба сӯи ҷаҳолат ё ҷонибдории ӯ азқирғизҳо
Дар чунин лаҳзаҳое, ки мардуми дар наздикии марзбудаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва тамоми тоҷикистониён барои ҳалли босуботонаи масъалаҳои баҳси сарҳадӣ бо Қирғизистон ва оташбас дасти дуо бардоштаанд, чашмам ба як канали интернетии “Некст.ТВ”-и Қирғизистон афтод, ки ровиёни он наворҳои иғвоангезона (правакатсионӣ) ва бардурӯғу воҳимаангезро аз номи мардуми қирғиз паҳн карда, мехоҳанд садди роҳи ҳалли масъалаи сарҳадӣ ва сабабгори ҷанги ду кишвар шаванд.
Аламаовараш он буд, ки баъди тамошои чанд наворҳои кӯтоҳи рӯирост мардуми осоиштаи қирғизро ба шӯроваранда, чашмам ба шакли иблисонаи Муҳиддин Кабирӣ афтод ва ба тааҷҷуб афтодам. Кабирии беватану бевиҷдон дар канали иғвоангези тӯдаи қирғизон, ки тӯли чандин сол боз садди роҳи ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мешуданд ва имрӯз мехоҳанд мардумро ба нофаҳмиву бадбахтӣ раҳсипор намоянд, ба худ ҷое ёфтаасту боз аз худ “сиёсатмадор” ва шахси ғами мардумро мехӯрда тарошида бо забони русӣ дармондаравон мелаққад.
Дар чунин ҳол аз Кабириву ҳаммаслакони ифротиаш пурсиданиам, ки бо кадом рӯй ва кадом имону инсоф дар ҳамин рӯзҳое, ки чанд нафар шаҳрвандони тоҷик аз тири ноҳаққи сарбозон ва сангпартоиҳои мардуми номуросои қирғиз ҳалокуярадор гардида, наздиконашон ва тамоми мардуми тоҷик ашки ҳасрат мерезанд, дар канали душманони хориҷии мо баромада, халқи қирғизро тарифу тавсиф мекунанд? Оё ин қадар душманиҳо бар зидди ҳаммиллату ҳамватанони худатон кам набуд, ки боз ба тарафи душман гузашта мардуми қирғизро ба шӯр меоред...?
Пас аз ин баромад Кабирӣ ва думравони хунхӯраш ҳуқуқи бо лафзу забони тоҷикӣ гап задан ва рӯ рӯякӣ ба мақсади гумроҳ намудани шаҳрвандон “ғами мардуми тоҷикро хӯрдан”-ро надоранд. Кабирӣ дар ин баромади худ мардуми қирғизро “демократ”, “равшанфикр” гӯён лоф зада, мисли ҳарвақта низоми давлатдории моро бадгӯӣ кард.
Кабириву Иқбол, Ш.Муҳаммадӣ ва Ш.Гадоев дар ҳақиқат аз бисёр лаққидан девона шудаанд, чи гуфтану сарашонро ба куҷо халлонданашонро намедонанд. Дар баромаду сӯҳбатҳои пешин онҳо суханони тӯҳмату таҳқирангезро ба монанди гӯё “Ворухро фурӯхтаанд”, “Ҳукумат аз мардуми тоҷикро дифо карда наметавонад” ва дигар суханони ҷудоиандозу ифротӣ бар зидди давлату ҳукумати кишвар иброз мекарданд, аммо ногаҳон баъди ҳодисаҳои санаи 28-29 апрели соли равон, задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Кирғизистон, ки мардуми ду кишварро андӯҳгин кард, сенарияи худро тамоман дигар карда, рӯирост ба таърифу тавсифи халқу давлатӣ ба мо дар муноқишаи рӯирост буда, гузаштанд.
Ин амалҳои пастмондаҳои ТТЭ ҲНИ ва Кабирии хиёнаткору беномус моро бори дигар водор месозад, ки аз чунин ифротиёну душманони қаттол бояд дар эҳтиёт бошем, суханҳои нопоку бевиҷдононаи онҳоро ҳеҷ гоҳ бовар накунем, барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, ҳар ваҷаб ҳоки Ватани азизамон Тоҷикистон лозим бошад ҷони худро дареғ надорем, дар атрофи давлату Ҳукумат бозҳам муттаҳидтар бошем.
Имрӯз баъди мушоҳида, аз амалҳои хайру савоб ба осебдидагону ҷонбохтагони муноқишаҳои сарҳадӣ, оилаи ҳомиёни қаҳрамони Ватан, омодагии мардуми тамоми минтақаҳои кишвар барои ҳифзи марзу буми Кишвар, ҳамеша дар паҳлуи ҳомиёни Ватан будани ҷавонони ба ору номуси кишвар бори дигар собит сохт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон Ватани худро дӯст медоранд, дар паҳлӯи давлату Ҳукумат, Сарвари маҳбубамон ҳастанд, шукронаи тинҷиву осоиштагӣ мекунанд ва ҳар лаҳза барои ҳифзи хоки муқаддаси Тоҷикистон тайёр ҳастанд.
Иброҳимзода Сардор омӯзгори ДДХ ба номи акдемик Б.Ғафуров