​Муборизаи дастаҷамъона

Замони имрӯзаи мо пур аз мушкилот, тазод ва ихтилофу зиддиятҳост. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди ҳар гуна ҳаракатҳои ифротӣ дар ташвиш аст.

Ҳоло терроризм ҷараёни хатарнокии умумиҷаҳониро гаштааст. Террорист шахси манқуртшуда, худбин, манфиатҷӯй аст, имони кӯр дораду ғуломи як гурӯҳи манфиатхоҳ аст. Дар замони имрӯза терроризми динӣ пеш рафтааст, яъне террористон дини мубини Исломро ҳамчун ниқоб истифода мебаранд.

Рақобати абарқудратҳо барои ҳимояи манфиатҳои худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, таъсири онҳо дар гӯшаҳои гунонгуни олам, мубориза барои ба даст овардани сарватҳои табиӣ сабаби афзоиши ин зуҳуроти номатлуб мегарданд.

Ҳамчунин, баъзе аз ташкилотҳои экстремистиву террористӣ аз густариши хариду фурӯши маводи нашъаовар, яроқу аслиҳа маблағҳои зиёд ба даст меоранд.

Баҳри пешгирӣ аз паҳншавии чунин зуҳуроти номатлуб бояд бо ҷавонон, умуман аҳли ҷомеа бисёр кор бурда шавад, мақсаду мароми ҳизбҳои тундгаро ва оқибатҳои шомилшавӣ ба онҳо фаҳмонда дода шавад.

Барои тарбияи худшиносиву ватандӯстии ҷавонон ҳаёти шахсони бузургу барӯмандро мисол оварда, ҷавонону наврасон ба маҳфилҳову мусобиқаҳои гуногун ҷалб карда шаванд.

Мо, ҷавонон, бояд бо рафтору амали худ ҷомеаро пеш барем. Насли ояндасоз бошем, бо ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ба Ватан хизмат кунем ва дониши худро боз ҳам мукаммалтар гардонем.

Наргис ТОШМАТОВА, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ