Нияти нопок ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд
Ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо дар доираи фаъолияти дастаҷамъона ва муштарак метавонад дар мубориза бо зуҳуроти нангини замони муосир –терроризм ва экстремизм ва ҲНИТ муваффақ гардад.
Баҳри расидан ба ҳадафҳои нопоки худ гурӯҳҳои ифротгаро аз шиорҳои мазҳабҳои ба миллати мо бегона истифода бурда, сафи тарафдорони хешро аз ҳисоби ҷавонони бетаҷриба, камсавод, гумроҳ ва аз дину мазҳаби асл ноогоҳ бо роҳи даъват ба “ҷиҳод”, яъне иштирок дар задухӯрди мусаллаҳона дар дигар давлатҳо зиёд мекунанд, ки ин гуна ашхос ба монанди Шавкати Аштӣ аз ҷониби халқу миллат ҳеҷ гоҳ бахшида нахоҳад шуд. Зеро гуфтаанд:
Ҳар он касро, ки гуфтораш дурӯғ аст,
Зи рӯйи ақл рӯяш бефурӯғ аст.
Тавре маълум аст, Шавкат разил, дузд, чун террористи фирорӣ манфиатҳои миллии ҳамзабонон ва ҳамдиёрони худро пушти пой задааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки мақсади асосии ӯ, барҳам задани сохти конститутсионии кишвар, пароканда сохтани мардуми шарифи тоҷик, барҳам задани якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Ӯ худро ҳамчун ватандӯст ва ғамхори мардуми тоҷик нишон доданӣ мешавад, аммо мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ-мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, фурсатшуморӣ, мансабталошӣ, раҳбарону масъулони ТТЭ ҲНИ бехабарона нӯш карда, то имрӯз аз дарди масмумият ранҷ мебаранд. Ин масмумияти равонӣ ҷисм ва рӯҳияи миллӣ ҷавонон дар минтақа шикаста, боиси худбохтагӣ, бегонапарастӣ, бадбинӣ, яъсу ноумедӣ ва дар маҷмӯъ, хурофоту таассуби шадид гардида истодааст.
Бояд таъкид кард, ки баста шудани ТТЭ ҲНИ пеш аз ҳама ба амали роҳбарони ин ҳизб, ки даст ба яроқ бурданд ва бо тариқи зурӣ ва дуруғҳои худбофти беасоси худ ба сарнагун намудани ҳокимият иртибот дорад, ба ҷавонон маълум гардидааст. Вале, Шавкати палид бо роҳи дуруғу фиреб мардумфиребӣ ва дасисабозиҳои худ мехоҳад мардумро гумроҳ созад ва мехоҳад боз фазои кишварро ноором кунад ва бар манфиатҳои бегонагон хизмат намояд.
Онҳо мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастону ҳаммаслаконашонро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар гардани мақомоти давлатӣ ҳавола мекунанд. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Шавкати палид ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан бегуноҳ нишон диҳад. Мо мутмаъинем, ки дер ё зуд Шавкати дузду разил ба аъмоли террористиаш, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.
Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.
Мафтуна Содиқзода - устоди ДДХ