Хиёнаткорони дурӯя

Вақте, ки калимаи хиёнатро ба забон мегирем дар пешорӯямон оинаҳои тозаву пурҷилое мисли эътимод, боварӣ, вафо, аҳд ва дӯстиву рафоқат пора мешаванд ва ҷои онро девори нафрату кин мегирад. Ба назарамон шахсе намудор мешавад, ки дили торику пур кина дораду бадхоҳи мардум аст. Зери унвони хиёнат пешорӯямон симои Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин барин афродон намудор мешавад. Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин, наҳзатиёну ҳаммаслаконаш, ки тафакурашон олудаи кинаву мазаммат аст, вале аз минбар истода дар бораи адолат гап мезананд. Вале худашон беадолатубераҳманду дигаронро низ ба ин роҳ бурданианд, ки аз рӯи одоби инсонинест. Чуноне, ки дар дини мубини ислом, низ оварда шудааст: “Мӯъмин бародари мӯъмин аст. Ба худат чиро раво бини ба бародарат низ раво бен”.Агар душманони мо бегонагон мебуданд ҳеҷ боке набуд. Бегона ба мо санг занад, боке нест, чун медонем санги ҳариф аз ҳасад аст. Вале сад афсӯс, ки душмани миллати тоҷик худи тоҷик аст, ки дар ҳамин сарзамини биҳиштосо ба воя расидаасту, имрӯз бошад чун кӯрнамаки нобакор ба миллати худ, ба хоки сарзамини худ хиёнат мекунад. Ваҳ чи шармандагист. Охим мо як Ватан дорем бо ном Тоҷикистон.Ба таъбири устод Садриддин Айнӣ: “Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёддат дӯст медорад, ӯро ҳимоя ва мудофиа мекунад”. Вале пешорӯи ин муттаҳамонро шираи молу мулк ва пулҳои ҳаром гирифтаасту ба ин хиёнаткорӣ даст задаанд. Вале тоҷиконе низ ҳастанд, ки берун аз кишвар зиндагӣ мекунанду ватани худро дӯст медоранд ва баҳри ҳифзу ободии ин аз берун ҳам истода камари ҳиммат мебанданд.

Ба назар чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё ҷисмашон берун аз ватану ҷонашон дар ватан аст.

Мо ҷомеаи устодон нисбат ба Муҳиддин Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин нафрат дорем ва ба ҷавонони саодатманди тоҷик муроҷиат намуда гуфтанием, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳифзи марзу буми кишвар камари ҳиммат банданд.

Биоишаи Назар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ