​Изхорот: Хиёнаткорони миллат

Аз таърих ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳамаи давру замон шахсоне буданд, ки бар зидди миллати худ муқобилият нишон медоданд. Мутассифона, имрӯзҳо низ шахсоне ҳастанд, ки бар миллати хеш хиёнат мекунанд.

Яке аз ин шахсиятҳо Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби ӯ мебошад. Мақсади онҳо танҳо ноором сохтани авзои ҷомеа ва амали сохтани амалҳои нопоки худ мебошад. ҲНИ ягона ҳизбе мебошад, ки ба Ватани мо бисёр зарари молию ҷонӣ расонидааст. Ҳамагон хуб медонанд, ки ҲНИ аллакай мавқеи худро гум кардааст. Баъди манъ кардани фаъолияти ҲНИ тамоми садорону ташкилкунандагон ва тарафдорони он аз Ватан фирор кардаданд. Берун аз давлат мебоист, ки ба қадри неъматҳои кишвар расида тавба кунанд. Лекин ин хиёнаткорони миллат ба давлату кишвари хеш туҳматҳои беасос мекунанд. Хусусан сарвари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ лофу газофи зиёд мегӯяд. Ман намедонам, ки ин бедину бемазҳаб ва имонфурӯшу беватан бо паҳн намудани овозаву хабарҳои бардурӯғаш чиро ба даст оварданист. Аммо ҳаргиз ба ниятҳои нопоки худ намерасад.

Дар ҳақиқат Муҳиддин Кабирӣ ва тарафдорони он хиёнаткорони Ватану миллат буда, мақсадҳои ғаразнок доранд ва доимо ба давлат муқобилият нишон медиҳанд. Ҳаргиз ва асло ин хоинони миллат бахшида намешаванд ва ҳаргиз нобахшиданист.

Боварии комил дорам, ки ҳаргиз ягон ҷавони бо нангу ори миллат ба гуфтаҳои Кабарии беватан бовар намекунанд.

ШАҲРЗОДИ БАҲОР

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ