​Сӣ соли нусрату музаффариятҳо

Соли равон мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни муҳими таърихӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии даврони навинро таҷлил менамояд, ки пур аз нусрату зафарҳост. Тӯли ин солҳо ҷомеаи кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари биҳиштосоямонро аз офату фалокатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳонида ба сӯи қуллаи умеди дурахшон равона намудаанд. Таҳлилисабабу оқибатҳои бесарусомониҳои давраи аввали соҳибистиқлолӣ – оғози солҳои 90- уми қарни XX аз ҷониби мутахассисони сиёсатшинос ва ҷомеашинос муайян шудаву шарҳи муфасал дода шудааст. Аз ин сабаб, зарурати таваҷҷӯҳ ба ин масъала мавҷуд набуда мебояд ба омилҳои рушди кишвар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ эътибори махсус дод.

Феълан, ҷоиз ба қайд аст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ асосан бо кашмакашиҳои сиёсии дохила паси сар карда шудаанду истиқлолияти воқеӣ ба давраи баргузорӣ ва натиҷаи Иҷлосияи тақдирсози XVI – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон такя менамояд. Мусаллам аст, ки дар Иҷлосияи сарнавиштсоз Ҳукумати қонунӣ бо сарварии Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихобу таъсис ёфт. Инчунин, дар ин давра Парчами милли кишвар қабул шудааст, ки дар ҳамҷоягӣ бо қабули санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии дигар барои таҳкими сулҳу суботи кишвар заминаи боэътимод фараҳам овардааст.

Шурӯъ аз 27 апрели соли 2000- ум анъанаи ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, ки марҳилаи муҳими рушди кишвар маҳсуб меёбад. Дар Паёмҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти солонаи ҳамаи сохторҳи давлатию ҷамъиятиро таҳлилу натиҷабардорӣ намуда барои давраи оянда вазифагузориҳои мушаххасро бо ҳидояту дастуру супоришҳо муайян менамоянд. Дар ин замина ҳадафҳои асосии стратегии рушди соҳаҳои иқтисодӣ – иҷтимоии кишвар муайян карда шуда будаанд, ки сараввал се ҳадаф – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбастикоммуникатсиониро дар бар гирифта будаанд. Ҳаёти имрӯза ва раванди ҷаҳонишавии дар замони муосир гувоҳӣ медиҳад, ки муайян намудани ҳадафҳои стратегӣ ва қабули роҳҳои расидан ба ҳадафҳо қадаму нақшаи хирадмандона ва оқилона будааст, киалҳол асосантатбиқ шудаву ба некуаҳвалии аҳолӣ, рушди босуботи иқтисодиёт ва пешравти давлат мусоидат кардааст. Дар ин замина эълонгардидани ҳадафи нави стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат қутбнамои ояндаи дурахшони кишвар ҳисобида мешавад. Агар,имрӯз Тоҷикистон бо пуррагӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ тавассути бунёди шоҳроҳҳо,нақбҳо, роҳи оҳан ва ғайра раҳо ёфта шароит барои робита бо мамлакатҳои хориҷии дуру наздик муҳайё гаштааст. Бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург, алалхусус сохтмони НБОРоғуну истифодадиҳии дучархаи аввалини он, тармиму таҷдиди нерӯгоҳҳои пешина ва ғайра барои таъмини боэътимоди истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон замина гузоштааст. Афзудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ – меваю сабзавот, хусусан картошка ва зироатҳои полезӣ боиси таъмини амнияти озуқавории кишвар шудааст. Ҳамаи ҳадафҳо тадриҷан ҷомаи амал пӯшида истодаанд, танҳо нобиною кар ва ноқисуақл инҳоро дарк карда наметавонад. Ҳол он , ки танҳо давоми соли 2020 –ум ҷиҳати таъмини рушди саноаткунони кишвар зиёда аз 700 адад корхонаҳои хурду калони саноатӣ ба фаъолият оғоз намудаанду бештар аз 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба мардум пешниҳод гардидааст.

Дастоварди муҳими дигаре, кибо шарофати Истиқлолияти давлатӣ насиб мардуми кишвар гардидааст, қабули ҶумҳурииТоҷикистонба узвияти Созмони Милали Муттаҳидмебошад. Тавассути баромадҳоираисинамоии Пешвои муаззами миллат дар ин минбари ҷаҳонӣ обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ хеле боло рафтааст. Алалхусус, чор иқдоми олии табиатдӯстонае, ки аз ҷониби сарвари давлатамон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонҷиҳати истифодаи оқилон ва ҳифзи захираҳои об, хусусан оби ошомиданӣ ба Созмони Милали Муттаҳидпешинҳод гардидаву ҳамовозии зиёда аз 189 давлатро соҳиб гаштани онҳо муззафарияту комёбии сазовори ифтихори ҳар як фарди тоҷикистонӣ мебошад.

Умуман, Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 30 соли Истиқлолияти давлати ба нусрату муззафариятҳои беҳамто ноил гардидааст, ки муҳимтаринаш таъмини сулҳу субот, ормививу осудагӣ, ваҳдату сарҷамъии ҷомеа баҳри ободкориву бунёдкории кишвари маҳбубамон мебошад, ки гувоҳии дастгирии сиёсати дохилаву хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳамаи қишрҳои ҷомеаи солим маҳсуб меёбад. Аз ҳамватанони азизу гиромӣ эҳтиромона даъват менамоям, ки нерӯю ғайрати худро ба меҳнати созандаи ободониву кабудизоркунӣ дар мавсими кунунӣ сарф намоянд, ки тӯҳфаи беғарази моба истиқболи ҷашни саиди давлатӣ – 30 солгаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад.

Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Дадобоев М.А. – муовини декани факултаи геоэколгия оид аб корҳои тарбиявииМДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, сармуаллим

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ