Муноқишаи сарҳадӣ – фоҷиаи ҳалқи тоҷику қирғиз ва табли шодии хоинони миллат
Санаи 29 апрели соли 2021 дар ҳудудҳои ҷамоати Ворух, деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, Овчиқалача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тирпарронӣ байни сарҳадбонони тоҷик ва қирғиз ба амал омада, боиси қурбонӣ ва захмию маҷрӯҳ гардидани одамон гардид.
Сабабгори асосии ҳамаи ин бадбахтиҳо номуросогию якравии як гурӯҳи муайяни иғвогарони ҷониби қирғиз ва роҳбарони пасипардагии онҳо мебошанд, ки ҳамеша садди роҳи ҳалли мусолиҳатомези масъалаҳои марзӣ мегарданд. Ин гуна муноқишаҳо на як бору ду бор дар минтақаҳои сарҳадӣ рӯй дода, боиси нооромии вазъ, азияти мардум ва дар маҷмӯъ боиси коста шудани муносибатҳои мӯътадили ҳамсоягӣ байни баъзе минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон шуда истодааст. Ҷониби Тоҷикистон борҳо ба ҷониби Қирғизистон доир ба даъвоҳои беасоси марзии онҳо далелҳои шайъиро пешниҳод намуд, аммо Қирғизистон ин далелҳоро нодида гирифта, мехоҳад бо усули “туркӣ куну чустӣ кун” амал карда, ғайриқонунӣ соҳиби заминҳое гардад, ки аз қадимулайём мулки тоҷикон буда, қирғизҳои кӯчиву чорводор ба он ҳамчун чарогоҳ муваққатан роҳ ёфта, имрӯз онро соҳибӣ карданианд.
Ҷониби қирғиз бар замми ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба заминҳои Тоҷикистон ва мунтазам ташкил кардани амалҳои иғвогарона дар сарҳад, худро мусичаи бегуноҳ ва зарардида тарошида, айбу гуноҳи худро ба ҷониби Тоҷикистон бор мекунанд. Гузашта аз ин баъзе намояндагони воломақоми қирғиз аз ин муноқиша, бадбахтии мардуми қирғиз сӯйистеъмол намуда, барои худ “холҳои сиёсӣ” ба даст оварданиянд. Ин “ҷазираи демократия”-Қирғизистон, тез-тез иваз шудани президентҳои он далели он аст, ки қирғизҳо ҳанӯз побанди сохти қабилавӣ буда, барои онҳо қонун, ҳукумат, риояи меъёрҳои ҳамзиштии сулҳомез бо ҳамсояҳо арзише надорад. Дар рагу пайи зумрае аз сарварону ташкилкунандагони ин амалҳои иғвоангез хуни чингизӣ ҷӯш мезанад ва ҳама масъаларо мисли пешвоёни қабилавии худ бо роҳи ҳамлаи роҳзанона, зӯроварӣ, фишору таҳдид, қатлу ғорат ва бедодгарӣ ҳаллу фасл кардан мехоҳанд.
Ҷониби қирғиз бояд дарк намояд, ки мо дар замон ва ҷаҳони мутамаддин зиндагӣ мекунем, қонунҳои ҷангалу биёбон кайҳо моли таърих шудаанд. Аз ин рӯ, ҷониби қирғиз бояд сари мизи гуфтушунид нишаста, ҳамаи мушкилот ва масъалаҳои баҳснокро бо роҳи мусолиҳа, риояи санадҳои расмии имзошуда ҳаллу фасл намояд. Ҷониби Тоҷикистон мутмаин аст, ки мардуми оддии қирғиз ҳеҷ вақт тарафдори муноқишаву хунрезӣ нестанд. Инро гуфтаҳои мардум, наворҳои телевизион собит менамоянд. Аз ҷумла, яке аз коршиносони қирғиз Саламат Алманов иқрор гардид, ки ҷавонони хунгармро иғвогарон ба амалҳои ғайриқонунӣ равона месозанд ва ин падидаи хатарафзо метавонад ҳар лаҳза боиси муноқиша ва фоҷиа гардад.
Аз ин фоҷиаи ҳам мардуми қирғиз ва ҳам тоҷик мухолифони Ҳукумати Тоҷикистонва Қирғизистон истифода мебаранд ва ба ҷои мардумро баоромӣ, таҳаммул даъват кардан ба оташи муноқиша равған мерезанд. Масалан, Шарофиддин Гадоев, узви гурӯҳи 24, думравону пайравони устоди иғвогарон Кабирии рӯбоҳ дар байни муҳоҷирони тоҷик ҳар гуна хабарҳои бардурӯғу иғвоангезро паҳн карда, ифротиёни худро бо баҳонаи муқовимат бар зидди қирғизҳо ба Тоҷикистон даъват менамоянд ва мехоҳад, ки бо ҳамин роҳ ба сари қудрат ояд. Ин амалҳои ноҷавонмардона ба ҷараёни гуфтушунид, ҳалли мусолиҳатомези мушкилоти сарҳад халал ворид месозад.Аслан ин ашхоси беномус ҳаргиз манфиати миллат ва давлати моро ҳимоя кардан намехоҳанд ва онро кайҳо ба ду пули пучак фурӯхтаанд ва ҳамеша мехоҳанд, ки аз ҳар гуна фоҷиаи мардум барои худ манфиат ҷӯянд ва бо ин васила аз ҳузури нопок ва бехайру савобашон дарак диҳанд.
Ш.Шарифов, И.Ҷабборов омӯзгорони ДДХ ба номи академикБобоҷон Ғафуров