Роҳбари ТЭТ ҲНИ рондаи халку миллат!
Дар марҳилаи такдирсози таърихӣ, ки халқи шарифи Тоҷикистон таҳти Сарварии Президенти кишвар ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ машғул мебошанд, як гурӯҳ иғвогарон ва манфиатҷӯён мехоҳанд ба раванди созандагиву ободкории халқи шарифи тоҷик монеа эҷод кунанд, халқро гумроҳ намоянд. Яке аз чунин шахсони қалбаш сиёҳ роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ки хоини Ватан мебошад, аз хориҷи кишвар истода, ақидаҳои ғаразноки худро нисбати давлати мо иброз намуда, суботу оромии кишвари моро халалдор кардан мехоҳад. Факту далелҳои бисёр, шоҳидии аъзоёни пештараи ҳизб, навору суратҳои зиёд ҳамаашон нишон медиҳанд, ки роҳбарони наҳзат ба хотири дунё ва пулу мол шуда, мазҳаби бобоии худ, ҳанафияро фурӯхта, ба мазҳаби бегона даромадаанд. Мардуми Тоҷикистон бояд ин хатарҳорро эҳсос намоянд, ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Мардуми ваҳдатофарини тоҷик ба зархаридон ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки ба арзишҳои маънавиву илмӣ ва равшанфикрони миллати тоҷик зарбаҳои ҷонкоҳ зада, ба миллати хеш хиёнат карданд, лаънату нафратҳо мехонданд. Бояд гуфт, ки ин гуна ашхос, ки ба миллати хеш, арзишҳои миллӣ, дину расму оини худ баҳри молу чиз хиёнат кардаанд ҳеҷ гоҳ бахшида намешаванд.
Халқи тоҷик ба чунин ашхоси ватанфурӯш мегӯяд: “Акнун шуморо на халқи тоҷик ҳамчун ҳамватан эътироф мекунаду на давлатҳои хориҷӣ суханатро гӯш мекунанд. Миёни замину осмон муаллақ мондаеду ҳамсафонат аз паҳлуят дар гурез. Ҳатто қавму авлодат аз паҳлуят худро дар канор мегиранд. Аз ин хорию зорию залилиат дида, ба фикри ман худро ба дор овехтан беҳтар асту халос! Ҳайфи ту Муҳиддин Кабирӣ, рондаи халку миллату ватани хеш!!!”