Худшиносию худогоҳӣ мароми мост

Дар шароити идоракуни демократӣ элитаҳои сиёсии гуногун дар миёни ҳамдигар барои ба даст овардани овозҳои интихобкунандагон ва ҳари бештар аз ҷониби худ ҷалб намудани одамон кӯшиш менамоянд ва дар рақобати ҷиддӣ қарор мегиранд ва маҳз бо ҳамин роҳ метавонанд ҳокимиятро ба даст оваранд. Дар замони муосир интихоботяке аз меёрҳои асосие мебошад, ки ба воситаи он иштироки шаҳрвандон дар ташаккули мақомоти ҳокимияти давлати таъмин карда мешавад. Ҳамчунин, дар амал татбиқ намудани ҳуқуқи сиёсии шаҳрвандон аз интихобот вобастагии зиёд дорад.

Сарчашмаи асосие, ки имруз барои озоди ва баробарҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандонро таъмин карда фаъолияти сиёсӣ онҳоро дар корҳои ҷамъиятию давлати таъмин менамояд интихобот мебошад. Мутассифона дар ҳама давру замон ҳастанд нафароне, киоромую суботи ҷомеаро халалдор созанд. Хабарҳои охироне, ки тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид маълум шуд, ки як қатор шахсони номаълум дар ҷомеа низои оммавиро нисбати интихоботи Президентӣ дар Ҷумҳурии Белоруссия интихоб шуда баён кардаанд.

Ин ҳодиса барои шаҳрвандони кишвари мо низ як дарси ибрат бояд бошад зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон нез рузои наздик баргузор намудани интихоботи навбатиро барои мансаби президенти эълон намудааст. Аз ин фураст ҳастан гуруҳҳои нохалаф самаранок барои манфиати кори худ истифода баранд. Бинобар ин аз ҳар як шаҳрвандони азизи кишвар хоҳиш карда мешавад, ки пайваста ҳушёрию зираки сиёсии худро аз даст надиҳан пайваста ҷонибдори сулҳу суботи кишвар бошанд ва гирифтори суханони бардурӯғи шахсони баъдсифати ҷомеа набошанд. Дар ҳама ҳолат дастгиру дастёри якдигар бошанд сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дастгир намуда барои пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

Аҳмадзода Рустам

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ