Аз ақидаҳои ифротӣ ҳазар мекунем

Имрӯз ҷаҳон бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, вале баъзе нотавонбинон, хоинони миллат, дилсиёҳон рушди нумӯи ҷомеаро халалдор месозанд. Аз қабили чунин афроди бадхоҳи миллат Мирзои Салимпур мебошад, ки аз худ рӯзноманигор тарошида, ба ҳар роҳу васила давлату миллати куҳанбунёди тоҷикро бадном сохтанист.

Мирзои Салимпур дар сомонаи “Ахбор.ком”-и худ хабарҳои бардурӯғро паҳн сохта, зери пуштибонии хоҷагони хориҷиаш амал мекард. Ӯ барои амалӣ кардани ҳадафҳои нопокаш бо ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби Наҳзат ҳамкорӣ намуда, нисбати ба Ватану миллат хиёнат кард.

Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми апрели соли 2020 фаъолияти сомонаи назаркаҷи “Ахбор.ком”, воридоту паҳни ҳама гуна сабтҳои наворӣ ва садоӣ ба онпурра манъ карда шуд. Мирзои Салимпур, ки аз хоҷагони хориҷиаш маблағҳои ҳангуфт мегираду ғуломи онҳост, кунун маҷбур аст, ки ақидаҳои ифротии худро идома диҳад.

Маълум аст, ки Кабириву ҳамақидаҳояш пас аз ошкор шудани тамоми сирру асрорашон онҳо дар байни мардуми кишвар дигар мақоме, ки гӯё буд, аз даст дода, шармандавор фирор карданд. Имрӯз онон дар Аврупо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ “насиҳат” карда истодаанд. Ин гумроҳон намедонанд, ки ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбарашон қурбон мекунанд. Вале нуктаи охир ҳамон аст, ки тамоми амалҳои даҳшатбору хиёнаткоронаю аҷнабигароёнаи наҳзатиҳо аз хотираи миллат ҳеҷ фаромӯш намегардад. Ҳар шахси солимфикр хуб медонад, ки ТЭТ Ҳизби наҳзат дар давоми фаъолияти худ баҳри ободонӣ, бунёдкориву созандагии кишвар ягон хизматеро анҷом надодааст, ҳарчанд онҳо даъво мекунанд, ки дар рушду нумӯи ҷомеа нақши асосӣ доранд.

Имрӯз Мирзои Салимпур сомонаи нави худро бо номи “Бомдод.ком” таъсис дода, фаъолияти ифротгароии худро давом медиҳад. “Бомдод.ком” ин ҳамон сомонаи каҷназарест бо номи “Ахбор.ком”, фақат номи он иваз шудаву мақсади разилонаи Салимпур монда. Зеро ин афроди бадбахти ҷомеа бо коргардони пасипардагии хоҷагонашон даме ҳама ором истода наметавонанд, санг меандозанд, вале сангҳояшон ба хокистар табдил меёбад. Ҳақ ба ҷониби мақоли халқӣ, ки “Бори қаҷ ба манзил намерасад”. ”Бомдод.ком” – сомонаи қаҷбин ва пайи ҷустуҷӯи нуқсонҳост, аммо Мирзо Салимпур худ ҳанӯз бехабар аз он аст, ки пур аз нуқсон аст.

Мардуми сарбаланди тоҷик хоинони миллатро дар ҳар либос ва ниқобе набошанд, бо тезӣ мешиносанд ва аз онҳо, сӯҳбати ғаразнокашон ва сомонаю саҳифаҳои разилонаашон ҳазар мекунанд/

Саидаҳмад Ҳақбердиев котиби кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ