Изҳорот: Имрӯз сари кори таблиғ киҳо ҳастанд?
Бисёр афсӯс мехӯрем, ки баъзе нафарони ҳайсиятбохта дар назди як миллати соҳибтамаддун ва маърифатгустар худро ҳамчун як алломаи машриқзамин муаррифӣ намуда, бо гузоштани ришҳои сиёҳи пашми гусфандӣ имону эътиқодашонро ба намоиш гузоштанӣ шуда истодаанд. Мутаассифона дар таомми давру замон чунин нафарони беномус бо истифода аз ҳамин усулҳои зоҳирӣ баъзе табақаҳои аз маърифат дурро ба тарафи худ ҷалб карда, аз дарё моҳӣ гирифтанӣ мешаванд. Агар ба аслу насабашон нигоҳ кунед, баъд хулоса мебароред, ки онҳо кистанд ва барои чӣ кору фаъолият мебаранд. Хушбахтона корҳои пинҳониву ғайривоқеӣ як вақт рӯи об мебарояд ва асрори пинҳон ошко гардида, толеи шумо онҳоро ба намоиш мегузорад. Аммо он вақт дер мешавад. Яъне пас аз фурухта шудани аслу моҳияти инсонӣ ҳақиқат рӯ мезанад. Муҳаммадиқболи Садриддин, ки худ либоси занона дар бар дошта, хидмати қемондонҳои афғонро анҷом медод, бадбахтона имрӯз дар саргаҳи таблиғ қарор дода, мардуми озодаву озодандешро ба самти хоҳишхои худ бурданӣ мешавад. Ин чеҳраи манфур ва асосгузори гомосексуалистҳои фурухташуда як бор ба худаш суол намедиҳад, ки ба мардум хидмати хирсона мекунад ва ё не? Оё коре, ки ӯ аз номи ислом мекунад, то кадом дараҷа савоб дорад ва то кадом дараҷа гуноҳ?Боварии комил дорам, ки ба ӯ ин гуна суолҳо бегона ҳастанд. Зеро дар даврони ҷавониаш аз ин суолҳо қимматтар буданд, ки ӯ ба худ надод ва аз паи хоҳишшои нафсонии худ рафт. Оқибати корҳои ӯ чунон буданд, ки дар филми мустанади телевизионӣ дидеми хулоса баровардем. Мо ин корҳоро маҳкум менамоем ва намегузорем,ки Тоҷикистон ба гирдоби кори беҳайсиятии чунин нафароне беномус афтода, мардуми тоҷик ба роҳи ғайриинсонӣ раҳнамун шаванд. Ҳамаи корҳои анҷомдодаи хиёнаткоронро маҳкум менамоем.
Кайхусрав Каримов – устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров