​Филми “Хиёнат” шармсории Муҳаммадиқболро ошкор кард...

Тайи солҳои охир филмҳои ҳуҷҷатии “Хиёнат” пешкаши тамошобинони сершумори мамлакат гардида истодааст, ки ҳамаи он марҳала ба марҳала аз амалҳои ношоиста, фиребу хиёнат, кушторҳои бераҳмонаву беасос, фитнаангезиву дурӯғгӯӣ ва фаъолияти пасипардагиву нобахшидании Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва аъзоёну пайравонаш нақл менамояд.

Филми навбатии ҳуҷҷатӣ сифр ба бачабозиву беномусӣ ва хиёнаткори Ватан, Муҳаммадиқболи Садриддин ки ба “инсон” гуфтан ҳатто забон намеояд, бахшида шудааст, ки пурра шоҳидони ин филм аз дохилу хориҷи кишвар ҳарф мезананд ва тасдиқ ҳам намуданд.

Аз тамошои филм маълум гардид, ки чаро Муҳаммадиқболи Садриддин кишвари худро тарк кардааст? Чаро оилавӣ ба Ҳирот кӯч бастааст? Имрӯз чӣ ӯро маҷбур сохтааст, ки кишвари Аврупоро барои худ ва зиндагиаш интихоб намояд?

Хулоса бояд кард, ки Муҳаммадиқбол беҳуда радди маъракаву дар ба дари кишварҳои хориҷӣ нагардидааст. Зеро таърих ва зисту зиндагонии ӯ пур аз амалҳои нобахшиданист. Ӯ имрӯз ба дарди худ гӯё даво ёфтааст. Танҳо бо роҳи қонеъ намудани нафси ҳароми худ. Барояш дар кишварҳои хориҷӣ ва дарёфти ҳамҷинсҳо имконият бештар аст. Пас рафтору кирдори ӯ ба табиати мардуми Тоҷикистон мақбул нест ва хос ҳам набуд...

Аз дидани тамошои филми ҳуҷҷатӣ кас ба хулоса меояд, ки қудуми чунин ашхос ба ин сарзамин, ба ин миллати куҳан саропо наҳсу касофат меорад. Пас филми мазкур ҷомеаро огоҳ сохт, ки Муҳаммадиқболи Садриддин кист ва ҳатто дидани сурату шинидани сухани пур аз пучи ӯро надоранд. Ӯ аз зумраи фасодкорҳост, қаллобу хиёнаткору хунхоҳ аст, ки аз ӯ дур будану дур зистан ва сурати ӯро надидан ба инсон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Вагарна ӯ шоистаи сангсору радди маъракаву ҷазои сахттарин аст.

Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос, ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ