Ҷомеаи шарифи Тоҷикистон аз тинати мурдоронаи ТТЭ ҲНИ медонанд ва аз он ҳазар мекунанд!
Имруз Тоҷикистон як кишвари соҳибистиқлол буда мардуми шарифаш дар сояи тинҷиву омонӣ ва рӯз аз рӯз рӯ ба суи инкишоф қарор дорад. Лозим ба қайд аст, ки ҳамагуна пешрафту раванди тараққиёт бевостита бо ибтикору сиёсати пешгирифтаи Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Мутааасифона мо имрузҳо мебинем, ки баъзе аз роҳгумзадагонудушманон ( манқуртон)–и миллату кишвари мо аз хориҷа истода бо сарпарастии хоҷагони худ санги маломат ба сӯи давлати мо зада истодаанд. Аслан гирем ин ашхос ҳатто мақсади асосии худро надониста худ роҳгумзадаву аз як ҷиҳат пушаймон низ ҳастанд, аммо ба мақсади ба даст овардани як маблағи ночизи муфт онҳо имрузҳо бо талаб ва маблағгузории хоҷагонихориҷии худ мисли манқурт хизмат ва ба гуфтаи онҳо амал карда истодаанд.
ТТЭ ҲНИ ва гурӯҳҳои дигари ҳаммаслаки он аз қабили чунин ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд.
Мардуми тоҷик аз азал қадриятҳову анъанаҳои аҷдодии худро хуб медонад ва қадр низ мекунад, инчунин Наврӯз низ дар қатори яке аз идҳои бузурги миллати тоҷик мебошад, ки ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад, сапсатаҳову дуруғу найрангҳои ин роҳгумзадагони фурухташуда бошад танҳо ҳарфҳои пучу беасос ва бе мантиқ мебошад.
Миллати тамаддунофари тоҷик давоми давраҳои таърихӣ чандин буҳронҳо амалҳои душманонаро бо сари баланд паси сар кардааст ва хуб дарк менамоянд ва дар ёд низ доранд дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳадафҳои нопоки душманони миллатамонро, бинобар инбо боварии том метавон гуфт, ки дигар шигифтаи найрангу фиребҳоиин бадхоҳон нахоҳад шуд.
Ҷомеаи шарифи Тоҷикистон аз тинати мурдоронаи Шумо бохабаранд ва эроду маслиҳатҳои Шуморо чун ҳарзагӯӣ медонанд ва аз он ҳазар мекунанд.
MZU