​Сиёсатмадорӣ кори саҳл нест!

Таъмини муносибатҳо байни ду фард бояд дар заминаи эҳтирому таваҷҷӯҳ ба мавқеи муқобил суръат гирад, ки ҷабҳаи дипломатия дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Таҳаммул ба мавқеи муқобил ва бо далелҳо исбот кардани мавқеи хеш ҷанбаи дигари дипломатия мебошад, ки ҳар як сиёсатмадори сатҳи давлатӣ аз он бояд бархурдор бошад. Хусусан, дарки изҳороти ҷониби муқобилро на ҳар кас қудрат дорад.

Аз шабакаҳои иттилооттӣ огоҳ гардидем, ки роҳбари мақомоти амнияти Ҷумҳурии Қирғизистони ҳаммарзи диёри азизамон Ташаев ном сиёсатмадори навбаромад изҳороти собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифиро нафаҳмидаасту даъво кардааст, ки “нисбати ман чӣ хоҳед гӯед, вале нисбати мардуми Қирғизистон ҳарфи носазо нагӯед”.

Аввалан, ки миллати тамаддунофари тоҷик дар ҳамаи давраҳои таърихӣ бо сабру таҳаммул ва иззати меҳмоннавозиву эҳтиром ба фарҳангу миллатҳои дигар дар байни ҷаҳониён эътирофгардидааст. Баъдан, Ҳамроҳхон Зарифӣ собиқадори соҳаи дипломатияи байналмилалӣ асту дар ягон гуфтушунидҳои дуҷониба бо ҳайати кишварҳои дигар боре сухане носазо нагуфтааст. Итминони қавӣ дорем, ки ин шахсияти мӯътабарӣ давлатӣ ҳеҷ гоҳ нисбати халқу миллати дигар сухане нораво гуфта бошаду гӯяд.

Вале, аз гуфтаҳои Ташаев бармеояд, ки худи ӯ аз асосҳои дипломатия на он қадар огоҳ аст. Вагарна, ҳангоми баррасии мушкилоти баамаломадаи сарҳадоти байнидавлатӣ мавқеъ сабуриву, таҳаммулгароиро пеша мегирифт. Агар хоҳад ки дар ҳаллу фасли масъалаи ҷойдошта муваффақ гардад, чӣ суд аз эродгириву тӯҳматбофӣ?!

Дар ин радиф мехоҳам қайд намоям, ки мардуми дилкушоду меҳмоннавози тоҷик солҳои пешин дар заминаи муносибатҳои дӯстонаи ҳамсоягӣ ба мардуми қирғиз замини чарогоҳ муваққатан додаанду қирғизони беасос маскуни ин маҳалшудаимрӯздавои соҳибии онро доранд. Ҳол он, ки барои Тоҷикистони камзамин ҳар ваҷаби заминқиматтар аз ҳар неъмат аст ва ҳеҷ гоҳ замини худро тӯҳфа ё тӯъмаи тарафи дигар нахоҳад кард. Зеро, марзи давлатӣ муқаддас асту ҳар як тоҷикистонӣ омодааст ҳар як порчаи замини Ватани худро бо тамоми ниҳодаш ҳимоя намояд ва чунин тавоноии сарҷамъонаро доро ҳам аст.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология,ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ