Ин Ватанро мо ҳифз менамоем

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар кадом вазъият қарор дошту давлатро аз тараққиёту пешрафт ба солҳои дарозе ақиб монда буд... Хушбахтона пас аз замони ба сари қудрат омадани Президент Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятҳои сиёсии эшон бо андешаи «мо кистем, аз куҷоем ва дар паи чистем», «мо бояд асли худро донем, аз таърихи миллатамон ва хидмати аҷдоди хеш дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ огоҳ бошем», тавъам буд ва дар се мафҳуми калидӣ: худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ ва давлатдории миллӣ фалсафа ва ҷавҳари назариёти Пешвои муаззам дар касби Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ғунҷоиш ёфт, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон бори нахуст арзишҳо ва манофеъи миллиро дар сатҳи олӣ ба ин вусъат ва густардагӣ расмият бахшид. Ин фалсафаи Пешвои муаззами кишвар аз синни кӯчак ба умқи шуури ҳар шаҳрванди ватанпарвари кишвар ҷой гардидаасту ҳамагон ба хубӣ дарк намудаем, ки ҳифзи Ватан, арҷгузорӣ ба марзу бум ва шукронаи ана ҳамин Ватан дар хунам ҷорист ва ҳар як дастуру ҳидоятҳои Садри муаззами миллат сармашқи кори мо гардидааст. Ин Ватан аз мост, ин сарзамин аз мост, ин ободӣ аз барои мост, пас чаро мо марзу буми ин Ватанро ҳимоя накунему ба ҳифзаш ҷон набиспорем? Тоҷик ҳеҷ вақт таслим нагардида буду сарҳад ва миллати худро гиромӣ медошт ва мо ҳам чун пешгузаштагони худ, дар ҳифзи Ватан, дар ҳимояи ин кишвари кӯҳсору офтобрӯя бар ҳеҷ хоине, бар ҳеҷ миллате, бар ҳеҷ кишваре сари таслим намеорем!!! То ҷон дар рамақ дорем, ҳифз Ватан мекунему бо Садри муаззами миллат ба пеш меравем!

Исмоил Ҷабборов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ