Изҳорот: Анҷумани бесафо
Кайҳост, ки ин гуна анҷуманҳо дурӯягӣ, фитна ва тӯҳматбофиро бас намекунанд, ҳеч не ки аз чунин навъи “озодандешӣ” ва сиёсатбозиҳои хасакӣ берун бароянд. Василаи асосии созандагии кишвар ҳарзи ва ё дар ягон маврид дурӯғпароканӣ ва тӯҳмат набуд, аммо раёсати “Анҷумани озодандешони тоҷик” ва ҳампаймонҳояшон аз ин навъи кор бар суди худ кор мекунанд.
Вобаста ба арзи вуҷуд кардани анҷуману созмонҳои сиёсӣ матлаби зиёд метавон гуфт ва ё навишт. Онҳо бо ду мақсад ба вуҷуд меоянд. Бархе онҳо, аввалан, бо ҳадафи пешбурди равандҳои ҷомеа, ёрмандӣ ва таъсири матлуб гузоштан ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва ҳамоҳангсозии назару андешаҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа дар самтҳои мухталиф падид меоянд, ки мисли дамидани рўҳи тоза ба зисти ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Агар таърихи тоҷиконро варақ занем, шояд хеле зиёд аз ин анҷуманҳо барои нузҳату сафо бахшидани ҳаёти халқ хидмати муҳим ва саҳми шоиста гузоштанд. Аммо, дар баробари ин, созмону ҷамъият ва анҷуманҳое низ будаанд, ки ҳадафи ғаразманд ва рўҳи ғаразмандона дошта, ҷуз таъсири манфӣ расонидан ба ҳаёти матлуб ва равандҳои ҷомеасоз дигар кор надоранд. Таърихи начандон дури халқи тоҷик ин гуна қисматро дида, ки борҳо бархе анҷуману созмонҳо на барои амалӣ шудану пеш партофтани ормонҳои милливу давлатӣ, балки барои расидан ба манфиатҳои пурғарази қавмӣ ва гурўҳӣ кўшишу талош доштаанд.
Дар мавриди “Анҷумани озодандешони тоҷик” низ сареҳан метавон изҳор дошт, ки дар асл фаҳмишу биниши дастандаркорони он ба дарки ҳақиқати моҳияти озодандешӣ равона нашудааст. Бесабаб ин анҷуманро «тарҳи навбатии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ» ном наниҳода, ки «ба хотири “муҳташам” нишон додани “нерў”-и ин гурӯҳи ифротию ситезаҷӯ дар назди “сарпарастон”-аш таъсис дода шудааст».
Чунин бармеояд, ки анҷумани мазкур дар хориҷи кишвар амр ва амали навбатии решаҷўиву ҳаво додани кинаву адоват дар ҷомеаи тоҷикон аз ҷониби мухолифони давлати Тоҷикистон бо ҳадафи ба шўр овардани ҷомеа буда, ки ҳарчанд «таъсире ба фазои сиёсию идеологӣ ва амниятии Тоҷикистон надорад ва нахоҳад дошт», аммо аз зуҳурот ва ҳузури он ҳам набояд ғофил монд. Ҳар амр дар ин замина метавонад ба таъмини суботи сиёсӣ халал расонад ва дар вайрон кардани фазои сулҳу оромиш чорасоз бошад…
Ҷамшеди Каёнӣ