Лаънат ба касе, ки аз Ватан канда шавад
Имрузҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин, ватанфуруш, беимон ва нокас мешиносанд. Муҳиддин Кабирӣ аз вакте, ки аьзои собиқ Ҳизби Наҳзати ислом айни замон ТЭТ ҲНИ шуданаш ба ҳалқу ватани худ хиёнат карданро сар кард. Муҳиддин Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад. Чаҳони муосир саршор аз руйдодҳои мухталиф ва зиддияту мухолифатҳост. Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ мехоҳанд бо суханони иғвоангез дар байни ҷавонону наврасон кинаву адоват бар зидди Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон барангезанд. Мақсади Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ ин ғасб кардани ҳокимият аст, барои наҳзатиён фарқе нест ин мақсад ҷони чандин ҳазор ё миллион нафар қурбонӣ кунад. Бинобар ин имрӯз насли ҷавони кишвар бояд воқеаи ҷаҳони имрӯзаро, дар арсаи олам ба вукуъ мепайванданд, ки нисбат ба онҳо бепарвову бетараф будан харгиз раво нест.
Зеро ҳар вақт Сарвари давлат таъкид менамоян: “Акнун замони бетарафи гузаштааст”. Бинобар ин аз мо насли ҷавони кишвар таъкид ба амал меоранд, ки бояд бар зидди гуруҳҳои ифротгароёни ҷомеа, датсҷамона мубориза бурда як пораи Ватани азизамонро муҳофизат карда бошем.
Имруз ҷаҳон бузурги ва меҳрубони сарвари давлатро барои мо ҷавонон чеҳраи адаб во намудааст. Зеро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз сиёсатмадорони варзидаи чаҳони муосир ва муборизи арсаи сулҳу осоиштагӣ эьтироф шудаанд, терроризму экстремизмро пайваста маҳкум мекунанд ва бар зидди ин падидаҳои номатлуб аз минбарҳои баланд бо қатъият садо баланд менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм таваҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Нақшаҳои баде, ки Муҳиддин Кабирӣ кашида буд, оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуд. Имруз Муҳиддин Кабирӣ аз иғвою дасисаҳои худ, ки нисбати халқи тоҷик дошт пушаймон гаштааст. Имрузҳо ин хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад. Имруз ӯ инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурушанд.
Бинобар ин ҳамаи мо мардуми шарифи кишвар вазифадорем, ки мутаҳид бошем мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.
Ҳамробой Азизов