Алафи бегонаи киштзори мададӣ

Ташаккули фардӣ дар ҷомеа аз овони кӯдакӣ то дами пиронсолӣ дар муҳити ҷомеа ҷараён мегираду пайдевори он дар тарбияи муҳити оила сохтор мегирад. Анъанаи қадимаи мардуми мусалмонтабори тоҷик аст, ки дар хурдию наврасӣ бо фарзандон асосҳои аввалаюмухтасари аркони дини мубини исломро меомӯзанд, ки бо хабар аз дину диёнат, маънавияти дину ниёгони худ бошад. Дар ҷаҳон динҳои дигар ҳастанду байни онҳо муқовимату мухолифат зиддиятҳои муайяне мавҷуд аст. Алалхусус, амали зикрёфта ҳушдор медиҳад, ки ҷараёнҳои аз дини аҷдодӣ ба дину равишҳои дигар амали нобахшиданию палидона асту боиси шармсории оилаву авлод мешавад. Барои ҳамаи амалҳои шоиста ва дуршавӣ аз корҳои ифротию ғайримусалмонӣ он тарбияи динӣ, дар оила кофист, агар фарзанд тарбияи комилу камолро соҳиб гардад.

Тамоми давраҳои таърихӣ дар ҷомеа фардҳои алоҳидаи раҳгумзада, ки дар заминаи меъёрҳои мавҷудаи диниву ахлоқӣ бо мақсади аз ҷомеа боло гирифтани худ ақидаву андешаҳои наверо пешниҳоду тақдим мекарданду аз ин амал барои худ манфиати моддӣ интизор буданд. Бар хилофи ақидаи уламою дин баромада, нидои “Авлиё”-ӣ мекарданд. Аҳли илму фарҳанги ҷомеаи солим ба мардум ҷонибҳои “Иблисона”-и ин ифрот ҷаҳонро мефаҳмониданд, то аз ин нафарон дурӣ ҷӯянду ба оила авлод ва Ватан содиқу устувор бошанд. Вале афсӯс ки чунин тоифаи нобакорони ифродӣ буданду то ҳанӯз ҳастанд. АмалҳоиТЭТҲНИ давоми 90- 40 соли охир собит месозанд, ки волидайни М.Кабирию ҳаммаслакони чоплуси онҳо дар тарбияи онҳо онҳо муваффақ нашуданду натавонистанд онҳоро аз “Шайтонигарӣ” боздоранд. Лек эҳтимол меравад, ки мумкин аст худи ин волидайн ба иблис имону виҷдони худро фурӯхта буданд. Мақоли халқии “Устухони каҷи кӯзапуштро танҳо гӯр рост мекунад”, дорои ҳикмату маънии бузургест ки паҳлӯҳоибисёр доштаасту баъзеи онҳоро имрӯзҳо барои худ кашф карда истодааст. Хазинаи бобои Дона ва аз ҷониби ӯ расонидани кӯмак ба оилаҳои саробонашон ватангадову ватанфурӯш ин бар заминаи гирифтани маблағҳои аз хориҷа интиқол ёфта,ягон фарди солимфикрро бетараф гузошт наметавонад.

Нафари соҳибдилу ватандӯст ва боахлоқу адаб афсӯс мехӯрад, ки пиронсоле касифи ин қазия шудааст, гарчанде, ҷинояти зидди давлат кардааст, аммо нафарони муъризи палид аз қазияи бобои Дона шӯру ғавғо ва ҳангосе барпо кардаанд, ки шабеҳи овози гӯшхароши маркаби хоҷагони аҷнабиро мемонад.

Ҷиноят, алалхусус, амале бар зидди сохти давлатдорӣ, мебояд, ҳатман дар давраи аввалаш,чун алафи бегонае дар киштзори растаниҳои мададӣ барканда шавад, вагарна ба воя гар расад, ғизои растаниро мегираду маҳсулнокии оно коҳиш медиҳад. Аз ин лиҳоз, мақоме дар ҷомеа мебояд. Муносибати якхела, яъне решаканӣ кард.

Агар наҳзатиёни разил, каме инсонигарӣ медоштанд, бобои Донаро ба содиркунии амали ношоиста водор наменамуданд. Ё худ, ин амали наҳзатияти ифродӣ, нақшаи таҳрезӣ шуда асту бобои Дона мақоми лӯхтакиношоистаро доштааст. Наҳзатиён хостанд, мақомоти давлатиро “провокатсия” кунанду маҳсул бардоранд, ҳол он ки ҳар як фарди соҳиби ақлу идроки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳангомаҳои навбатии ифротӣ баҳои воқеӣ дода метавонанду оромиву осудагии кишварро болотар азнақшаҳои иблисона медонанд. Афсӯс, ки мӯйсафеде, ки ҳамебоист дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ бенад, ба доми хеш кашиданду бо волоии ҳирсу нафс ӯро гумроҳу сарсон кардааст, ин наҳзатии шайтонсифати хиёнатпеша!!!

Собиров Муродҷон Собитович дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология,

Ҷӯраев Манучеҳр Бобоқулович омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ